МОДАР НАХУСТИН ОМӮЗГОРИ ИНСОН, САРЧАШМАИ МУҲАББАТ ВА МЕҲРУБОНИСТ

«Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудотест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир мо маъсул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем»
Эмомалӣ Раҳмон
Зан – Модар азизтарин ва меҳрубонтарин мавҷуди рӯйи замин ва чароғи рӯшани ҳар як хонадон аст, ки ибтидои ҳар зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад.
Зан-Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоии зиндагию хонадон, рамзи ишқи ҷовидонии башарият, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзандон мебошад, зеро роҳи тайнамудаи ҳар яки мо аз риштаи меҳру садоқату вафои модарон бофта шудааст. Худованд ба зан -модар қудрате ато намудааст, ки зиндагӣ меофарад ва дар набарди ҷовидонии ҳаёту марг зиндагиро зинда медорад.
Мақом ва манзалати зан дар ойинаи таърихи башарият бағоят бузург аст, зеро ин офарандаи беҳамто, фариштаи заминӣ бо исми «модар» бо як даст гаҳвора, бо дасти дигар дунеро такон медиҳад. Калимаи «модар» дар ҷомеаҳои гуногун маънои амиқи эҳсосотӣ ва фарҳангӣ дорад. Ба маънои аслии худ «модар» ба зане, ки фарзанд таваллуд ва тарбия мекунад, ишора менамояд. Истилоҳ дар аксар маврид бо ғамхории фидокорона, муҳаббат ва қурбониҳо алоқаманд аст, ки эҳсоси беназири модариро инъикос мекунад. Дар илми равоншиносӣ «модар» ҳамчун шахсияти аввалин барои кӯдак ишора мешавад. Нақши он дар ташаккули фазои фарҳангӣ ва иҷтимоии кӯдакон беназир аст.
Модар нахустин омӯзгори инсон, сарчашмаи муҳаббат, меҳрубонӣ ва фидокорист. Меҳри модар эҳсоси поку беолоишест, ки аз оғози ҳастии инсон то поёни умр ҳамсафари ӯ мемонад. Беҳуда нест, ки бузургон гуфтаанд: «Биҳишт зери қадами модарон аст». Дар ҳақиқат, модар чароғи хонадон, сутуни оила ва нерӯбахши зиндагист.
Дар сиёсати иҷтимоии давлат низ мақому манзалати зан – модар ҷойгоҳи хоса дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба модар қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии ҳар як шахс мебошад.
Модар гавҳари ноёб, чароғи хонадон ва сарчашмаи меҳру муҳаббати беканор аст. Аз лаҳзаи нахустини ҳастӣ инсон гармии оғӯши модарро эҳсос мекунад ва то поёни умр ин меҳру муҳаббатро ҳамчун неруи рӯҳбахш дар қалб нигоҳ медорад. Меҳри модар эҳсоси муқаддасест, ки бо ягон сарвату дороӣ баробар намешавад. Беҳуда нест, ки бузургон модарро ба офтоб ташбеҳ медиҳанд, зеро ҳамчунон ки офтоб ба замин нур мебахшад, модар ба фарзанд рӯшноии зиндагӣ ато мекунад.
Лоиқи бузург ҳатто қисми зиёди шеърҳояшро дар васфи модар навиштааст, ки мегӯяд:
Сад ҷону дил фидои як муддаъои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Бишнид гар садоям дунёи сахтҷӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.
Дар фарҳанги миллии тоҷикон мақоми модар бисёр баланд аст. Аз қадим то имрӯз эҳтиром ба модар ҳамчун арзиши муқаддас пазируфта шудааст. Адибону донишмандон дар васфи модар асарҳои гаронбаҳо эҷод намудаанд. Зеро модар на танҳо офарандаи ҳаёт, балки тарбиятгари инсон, бунёдгузори ахлоқи ҳамида ва поягузори ҷомеаи солим мебошад.
Тарбияи фарзанд аз домани модар оғоз мегардад. Кӯдак нахустин калима, нахустин қадам ва нахустин дарси ахлоқро аз модар меомӯзад. Агар модар бофарҳанг, босавод ва соҳибмаърифат бошад, фарзанд низ боодобу донишманд ба воя мерасад. Маҳз модар аст, ки дар қалби фарзанд ҳисси ватандӯстӣ, инсонгарӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ парвариш мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки нақши модар дар тарбияи насли солим ва созанда ниҳоят бузург аст. Чунончи, иброз доштаанд, ки «Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нахустин мураббии фарзанд мебошад.» Ин суханон далели онанд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи боло бурдани мақому манзалати зан–модар аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадру қиммат ва эҳтироми занро ҳамчун Модар дар ташаккули ҷомеа ва тарбияи фарзандон дар оила нишон дода, қадри онро ҳамчун як ҷузъи нозуку ҳассостарин ва баробари ин як инсони пурқудрат ва нерӯи бузурги ҷомеа арзёбӣ намудаанд. Қайд намуданд, ки: “ Модар муқаддастарин ҷузъиёти олам аст”, “Он сухани хуб ва дӯстдорию меҳрубоние, ки нисбати фарзанди худ мекунад каси дигар ҳеҷ гоҳ карда наметавонад”.
Муайян аст, ки имрӯз дар мамлакат соҳаҳое нестанд, ки барои афзалиятноку пешрафти он мавқеи занон хуб ба назар нарасида бошанд.
Ин таъкидҳои сарвари давлат нишон медиҳад, ки занон на танҳо ҳамчун узви ҷомеа, балки ҳамчун неруи фаъол дар идоракунӣ ва рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба шумор мераванд.
Тавре сарвари давлат қайд карданд воқеъан ҳам имрӯзҳо нақши занон дар ҷомеа фарохтар гардидааст, онҳо на танҳо дар фаъолияти оилавӣ ва тарбияи насл, балки дар қабули қарорҳо, роҳбарӣ ва ташаккули сиёсати иҷтимоӣ низ иштирок мекунанд. Иштироки занон дар муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таҳсилотӣ самаранокии идоракунӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ ва стратегиро беҳтар мегардонад. Занон метавонанд таҷрибаи худро барои беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими қонунгузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон истифода баранд, ки ин омил дар пешрафти кишвар нақши муҳим дорад.
Дар баробари ин, тарбия ва дастгирии насли ҷавон, махсусан духтарон, дар руҳияи донишандӯзӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Занон бо намунаи худ ҷомеаро ба риояи қонунҳо, анъанаҳои миллӣ ва муқовимат ба хурофот ва исрофкорӣ ҳидоят мекунанд. Ҳамин тавр, онҳо дар ташаккули фазои фарҳангӣ ва ахлоқии ҷомеа низ нақши фаъол мебозанд. Заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардидааст, ки зан – модар ҳамчун тарбиятгару созанда ва ободкору маърифатпарвар рушд ёбад. Натиҷаи талошҳо боис шуд, ки имрӯзҳо симои зани тоҷик дар ҷомеа ҳамчун чеҳраи сиёсӣ шинохта шуд ва зани тоҷик дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ бар дӯш дорад. Мусаллам аст, ки зан- модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихи халқи тоҷик барои пойдории нангу номуси миллӣ, рушди фарҳанг, ҳастии забон ғамхорона ва содиқона хизмат кардаанд.
Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, модарон мисли Рудоба ва Таҳмина нақши муҳими тарбиявӣ ва низомиро доро буданд. Образи зан – модар, бо эҳтиром ва бузургдошти зиёд тасвир гардидааст. Гарчанде ки «Шоҳнома» асари таърихию ҳамосӣ бошад ҳам, нақши зан дар он муҳим буд, зеро зан ҳамчун модар, ҳамсар ва маслиҳатгар ба қаҳрамонон таъсири бузург мерасониданд. Фаромӯш накардани меҳру муҳаббати модар дар достонҳои гуногуни «Шоҳнома», дар он тасвир мегарддад, ки модарон бо меҳрубониашон фарзандони худро ҳимоят мекарданд ва ба онҳо роҳнамо буданд. Масалан, модарони Рустам ва Суҳроб: Рустамро модараш Рудоба бо меҳру муҳаббати зиёд тарбия мекунад. Аз тарафи дигар, модари Суҳроб – Таҳмина барои наҷоти писараш талош мекунад, вале ӯро ба ҷанг бо падараш равона месозанд. Модар ҳамчун ҳимоятгар ва маслиҳатгар ва инчунин тарбияткунандаву мушовири фарзандон низ мебошад. Сабру таҳаммул ва фидокории модар, аксар вақт дар назди тақдир бо сабр меистанд. Масалан, Таҳмина пас аз марги Суҳроб мотам гирифта, дарди бузургеро таҳаммул мекунад. Дар «Шоҳнома» зан – модар ҳамчун рамзи муҳаббат, вафодорӣ ва ҳикмат тасвир шудааст. Модар на танҳо дар зиндагии фарзанд ҳидоятгар, балки ба ҳаёти мардон низ таъсири амиқ мерасонданд.
Модар барои фарзанд азизтарин шахс аст. Ӯ шабҳои зиёд бедорхобӣ мекашад, то фарзандаш роҳат бошад. Ӯ аз орзуву хоҳишҳои худ мегузарад, то фарзандаш ба қуллаҳои баланд бирасад. Ҳар комёбӣ ва дастоварди инсон самараи заҳматҳои модар аст. Меҳри модар фидокорист, сабр аст, таҳаммул аст ва муҳаббати беинтиҳо мебошад.
Дар ҷомеаи имрӯза, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангҳо зиёд шудаанд, нақши модар дар ҳифзи арзишҳои миллӣ боз ҳам муҳимтар мегардад. Модар метавонад фарзандро аз таъсири манфии андешаҳои бегона ҳифз намуда, ӯро дар руҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намояд. Худшиносӣ аз оила оғоз меёбад. Агар модар ба фарзанд таърихи миллат, забони давлатӣ ва фарҳанги миллиро омӯзонад, фарзанд шахсияти комил ва ватандӯст ба воя мерасад. Маҳз дар оғӯши модар муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва ифтихор аз гузашта ташаккул меёбад.
Ҳар инсон новобаста аз мақому мартаба бояд дар назди модар сари таъзим фуруд оварад. Зеро модар бузургтарин неъмати зиндагист. Арҷ гузоштан ба модар танҳо бо сухан маҳдуд намешавад; он бояд дар рафтор, ғамхорӣ ва дастгирии доимӣ зоҳир гардад.
Фарзанди нек он аст, ки номи модарро сарбаланд месозад ва бо кирдори шоиста меҳнати ӯро қадр мекунад. Дар фарҳанги мо рӯзи Модар ҳамчун рамзи эҳтиром ва гиромидошти занон таҷлил мегардад. Аммо эҳтироми модар бояд ҳама рӯза бошад.
Дар баробари ин, тарбия ва дастгирии насли ҷавон, махсусан духтарон, дар руҳияи донишандӯзӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Занон бо намунаи худ ҷомеаро ба риояи қонунҳо, анъанаҳои миллӣ ва муқовимат ба хурофот ва исрофкорӣ ҳидоят мекунанд.
Меҳри модар пояи устувори ҷомеа ва асоси тарбияи инсони комил мебошад. Модар тимсоли покӣ, сабр ва муҳаббати ҷовидона аст.
ҶАЛОЛОВА ЗӮҲРО АБДУСАЛОМОВНА
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон