МИРБОБОЕВ Ш.Ҷ. ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Санаҳои 29–30 майи соли ҷорӣ, олими ҷавони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, номзади илми техникӣ, дотсент, мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Шухратжон Ҷурабоевич дар Форуми байналмилалӣ, ки дар Донишгоҳи индустриалии шаҳри Тюмен (Федератсияи Россия) баргузор гардид, бо тарзи онлайн дар мавзӯи «Пешгирии обнокшавии конҳои нафту гази Тоҷикистон» бо муваффақият баромад намуд.
Мирбобоев Ш.Ҷ. дар оғози баромади худ ба ташкилкунандагони форум аз номи ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, д.и.и., профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, изҳори миннатдорӣ баён намуд. Дар анҷоми форум, иштироки фаъоли Мирбобоев Шухратжон Ҷурабоевич аз ҷониби ташкилкунандагон бо баҳои баланд қадр карда шуд.