Имрӯз, дар толори Шурои олимони Донишкада дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Моҳвораи кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии факултети электромеханика бахшида ба Рӯзҳои Конститутсия, Рӯзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бахшида ба 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Аҳамияти таърихӣ ва сиёсии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ширкати кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Мизи мудавварро декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолуддин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар шаклгирии набзи ҷомеа ва саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории тоҷикон суханронӣ намуд.
Сипас, дар мизи мудаввар мудири шуъбаи идеологияи шаҳри Бӯстон Шаҳноза Каримӣ ва муовини декани факултети электромеханика оид ба корҳои тарбиявӣ Саидов Анвар роҷеъ ба таърих, пайдоиш ва сохтори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуданд.
Дар фарҷом суолу ҷавобҳо ва пурсишҳои хуб миёни донишҷӯён сурат гирифт, ки мизи мудавварро боз ҳам ҷолиб сохт.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов
