Дирӯз, дар доираи баргузории ҳамоиши бузург дар Донишкада олими нуктасанҷ, иқтисодшиноси варзида, шахси масъулиятшиносу покзамир, олими сермаҳсул, шахсияти нотакрору равшанзамир, донишманди беназир, роҳбари ғамхору кордон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо Медали «30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Медали ҷашниро ба ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода тақдим намуд.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада ректори Донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалро барои сарфароз гардидан ба ин дастовард табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият ва комгорӣ таманно менамоем.
Дастоварди баланди ҳизбӣ хуҷаста бод, муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ!
Шуъбаи иттилоот

