Маҳфили навбатии “Иқтисодчии муосир” баргузор гардид

Имрӯз, дар толори китобхонаи илмӣ-электронии Донишкада ҷаласаи навбатии маҳфили “Иқтисодчии муосир” баргузор карда шуд. 

Дар ҷаласаи муовини декани факултети металлургия Қодирова Маҳинахон, муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети металлургия Бақоев Беҳзод,  мудири мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дотсент Саидов Мустафохон, сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Бобоева Парвинахон, омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ  Раҳматов Абдумавлон ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат намуданд.

Ҷаласаро мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дотсент Саидов Мустафохон ифтитоҳ карда, роҷеъ ба барномаи маҳфил, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар самти илм ва маориф суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади саодатсоз ва раҳнамои мо аҳли илму маориф ва меҳандӯстон мебошад.

Сипас, муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети металлургия Бақоев Беҳзод дар мавзуи “Паёми Пешвои миллат меҳвари омӯзиш ва рушди давлатдорӣ”, омӯзгори калони кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ  Ҳоҷибоева Муҳайёхон дар мавзуи “Ахлоқи донишҷӯ-нишондоди симои Донишкада”, донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси иқтисодиёт ва ташкиди истеҳсолот Тоҷидинова Насиба дар мавзуи “Вазъи соҳаи истихроҷи маъдани вилояти Суғд”  маъруза намуданд.

Дар маҳфил атрофи масъалаҳо баҳсу баррасӣ сурат гирифта, ҳозирин андешаҳои хешро иброз доштанд.

Шуъбаи иттилоот