МАЪРИФАТИ БАЛАНД ҶАҲЛУ ХУРОФОТРО АЗ БАЙН МЕБАРАД!– баргузории мулоқот оид ба 12 феврал “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад”

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷавонон, инчунин пешгирии паҳншавии андешаҳои ифротгароӣ ва хушунатомез, тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ташкил ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба 12 феврал “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад” дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мулоқот бо сокинони шаҳр баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, муовини прокурори шаҳр Далер Маҳмадализода, намояндаи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадрозиқ Акбаров, ёрдамчии раиси суди шаҳр Насиб Шарифзода, корманди шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Иноятулло Бобоназарзода ва ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Махмадалӣ Бахтиёр Набӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабиниро муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки “Бо Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти №77/243 аз 20 декабри соли 2022 – 12 феврал ҳамчун “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад” эълон карда шудааст.
Тундгароӣ ва экстремизму терроризм таърихи тӯлонӣ ва доманаи фарох дошта, дар як муддати кутоҳ ба вуқуъ напайвастаанд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Доираи хатару таҳдидҳои аз терроризму ифротгароӣ бароянда мунтазам васеъ гардида, ин зуҳуроти харобиовар боиси оқибатҳои даҳшатбор мегарданд ва фаъолияти созмону гуруҳҳои террористиву ифротгаро хусусияти афзояндаи фаромарзиву фаромиллӣ касб менамоянд”.
Дар идома муовини прокурори шаҳр Далер Маҳмадализода қайд намуд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай дар ду марҳила Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризмро барои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025 муваффақона татбиқ намуда, Стратегияи ҳамсон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2026-2030 дар арафаи татбиқёбист, ки натиҷаҳои он назаррас ба ҳисоб мераванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб дар арсаи байналмилалӣ ва тамоми сатҳҳо чораҳои муассир меандешад. Ин аст, ки таи чанд соли охир дар 3 марҳила конференсияҳои байналмилалии сатҳи баланд гузаронида шуда, масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ марбут ба пешгирии экстремизму терроризм ва амнияти сархадӣ таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.
Тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, хусусан СММ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ натиҷаи мусбӣ дода, сол то сол сатҳи содиршавии ҷиноятҳои экстремистӣ на террористӣ тамоюли камшавиро касб намудааст. Чунин ҳолат ба таъмини амнияти миллӣ мусоидат карда, тибқи арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон ва пойтахти азизи мо шаҳри Душанбе дар сархати кишвар ва шаҳрҳои барои зиндагӣ амнтарини ҷаҳон мавқеи устуворро касб намудааст”.
Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар бораи ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои иштирок дар гурӯҳҳои экстремистӣ ва паҳн намудани маводи ифротгароёна дар шабакаҳои иҷтимоӣ сухан ронда, шунавандагонро ба риояи қонун ва истифодаи оқилонаи интернет даъват намуданд.
МИҲДи шаҳри Бӯстон