МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА “САҲМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МӮҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БАРҚАРОР НАМУДАНИ СУЛҲ ВА ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ”

Санаи  29.05.2025сол  бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ дар бинои Хобгоҳи донишкада  тибқи  нақшаи чорабиниҳои кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ ва факултети электромеханика оид ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Саҳми Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ дотсент н.и.т., Абдуллоев И.Р., муовини декан оид ба илм дар факултети электромеханика Холова Ф.Ф., сардори қисми хоҷаги-маъмурӣ Азизов Қурбон ва омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ ва 30нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

 

Сухани ифтитоҳиро мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ н.и.т., дотсент Абдуллоев И.Р., бо гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намуда қайд карданд, ки “Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд”.

Дар чорабинии мазкур н.и.т., дотсент Абдуллоев И.Р., дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ пояи сулҳ” баромад намуда оид ба Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба донишҷӯён маълумот доданд.

Сипас, муаллими калони кафедра Қодирова М.В., дар мавзӯи “Таҳкими ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои Иститқлолият” маъруза намуда, қайд кард, ки Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ин хиради азалии мардуми худогоҳи ватанпарвар ва саъю талошҳои Пешвои миллат аст, ки моро ба ин рӯзҳои фараҳу хушу хуррам расонид.

 Дар интиҳои чорабинӣ сардори қисми хоҷаги-маъмурӣ Азизов Қурбон баромад намуда, мавзӯъҳои баррасишударо  муҳим арзёбӣ намуда,  қайд намуд, ки Шумо ҷавонони насли хушбахтарини ҷаҳонед, ки дар замони сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ менамоед ва аз ин иқболи баланди худ бояд ифтихор намоед.

 

Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ

н.и.т., дотсент Абдуллоев И.Р.