МАТБУОТ —РОҲНАМОИ ҶОМЕА ВА ҲОМИИ АДОЛАТ

Мусаллам аст, ки матбуот яке аз муҳимтарин воситаҳои иттилоотӣ ва фарҳангии ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар рушду пешрафти давлату миллат, ташаккули афкори ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва таҳкими арзишҳои миллӣ нақши бузург дорад. Ҳамасола, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад, ки он нишонаи эҳтиром ва қадршиносӣ ба заҳмати рӯзноманигорон ва аҳли қалам, эҷодкорони меҳандӯст ва парчамбардорони қалам ба даст мебошад. Матбуот ҳамчун оинаи ҷомеа тамоми рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро инъикос намуда, мардумро аз воқеаҳои муҳими кишвар ва ҷаҳон, ҳаводис ва рӯйдодҳои охирин огоҳ менамояд.
Боиси хушнудист, ки таърихи матбуоти тоҷик дорои сафҳаҳои пурифтихор ва рангину ҷолиб мебошад. Оғози ин таърихи пурифтихор ба нашри аввалин рӯзнома ба забону андешаи тоҷикӣ — «Бухорои Шариф» рост меояд, ки соли 1912 дар шаҳри Бухоро ба табъ расида буд. Ин рӯзнома дар бедории маънавӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик саҳми арзанда гузошта, барои рушди минбаъдаи матбуоти миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Шуруъ аз ҳамон давра то ба имрӯз матбуоти тоҷик роҳи пурпечутобро тай намуда, ба яке аз воситаҳои асосии таблиғу тарғиби фарҳанг, илму маърифат, арзишҳои миллӣ ва минбари муколама табдил ёфтааст. Имрӯз, низ ин вазифаҳо ва рисолати бузурги матбуот боз ҳам зиёдтар гардида, он нақши боризе дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва афкори солими иҷтимоӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш нақши матбуотро дар ташаккули афкор ва ҷаҳонбинӣ таъкид намуда, чунин ибрози назар намуда буданд: «Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо менамоянд».
Қайд намудан зарур аст, ки матбуот дар ҷомеа вазифаҳои гуногунро иҷро менамояд, қабл аз ҳама, он манбаи боэътимоди иттилоот мебошад. Тавассути рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар воситаҳои ахбори омма ҷомеа аз рӯйдодҳои муҳими дохилӣ ва хориҷӣ огоҳ мегардад. Ин иттилооти ба даст омада, бар шаҳрвандон имконият медиҳад, ки дар бораи вазъи ҷомеа тасаввуроти дуруст дошта бошанд ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзанд.
Ин нуктаро набояд фаромӯш сохт, ки нақши тарбиявии матбуот низ хеле муҳим ва таъсиргузор мебошад. Нашрияҳо бо мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва гузоришҳои худ арзишҳои ахлоқӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносиро тарғибу ташвиқ менамоянд ва ин хидмати бузург мебошад. Матбуот метавонад ба ташаккули афкори ҷамъиятӣ таъсири мусбат расонад ва мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд, арзишҳои волои инсониро ҳифз намояд, таҳоҷуми фарҳангиро пешгирӣ намояд. Аз ин лиҳоз, бузургон ва ҳақшиносон матбуотро роҳнамои ҷомеа меноманд, ки ҳақиқати бебаҳс мебошад.
Илова бар ин, матбуот дар рушди фарҳанг ва забони миллӣ нақши калидӣ дорад. Дар саҳифаҳои рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо осори адибон, шоирон ва муҳаққиқон нашр мешаванд, ки ин ба бою ғанӣ гардидани ганҷинаи фарҳангии миллат мусоидат менамояд. Инчунин, матбуоти тоҷик дар нигоҳдорӣ ва рушди забони давлатӣ нақши муҳим дорад, зеро аксари маводҳои нашрияҳо бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасанд ва ба ҳамин восита забон равнақ меёбаду аз таҳоҷум эмин монд.
Дар замони истиқлолияти давлатӣ матбуоти тоҷик марҳилаи нави рушдро оғоз намуд. Ин марҳила аслан марҳилаи рушду пешрафти матбуоти тоҷик мебошад. Бо фароҳам гардидани шароити мусоид барои фаъолияти воситаҳои ахбори омма, шумораи рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва сомонаҳои иттилоотӣ афзоиш ёфт. Имрӯз матбуоти тоҷик на танҳо дар шакли чопӣ, балки дар фазои ҷаҳонии интернет низ фаъолият мекунад. Сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ имконият медиҳанд, ки иттилоот зуд ва ба доираи васеи хонандагон дастрас гардад. Яъне, матбуот дар ҳама ҳолат ҳамнафас ва ҳамқадами ҷомеа мебошад.
Қайд намудан зарур аст, ки фаъолият дар матбуот масъулияти бузургро талаб мекунад. Рӯзноманигорон бояд ба ҳақиқат содиқ бошанд, бо дилу нияти пок иттилооти дақиқ ва санҷидашударо ба мардум пешниҳод намоянд. Эътимоди ҷомеа ба матбуот аз сатҳи касбият, ростқавлӣ ва масъулиятшиносии рӯзноманигорон вобаста аст. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони соҳаи рӯзноманигорӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқии касбӣ хеле муҳим мебошад.
Феълан, дар ҷомеаи муосир матбуот бо дигар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизион, радио ва интернет ҳамкорӣ намуда, фазои ягонаи иттилоотиро ташкил медиҳад. Ин ҳамкориҳо ба густариши иттилооти саҳеҳ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон мусоидат менамояд. Дар чунин шароит нақши матбуот ҳамчун роҳнамои ҷомеа ва ҳомии аслии ҳақиқат боз ҳам муҳимтар мегардад.
Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки матбуот нерӯи бузурги маънавӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Он метавонад ба рушди ҷомеа, таҳкими сулҳу субот ва болоравии маърифати шаҳрвандон саҳми арзанда гузорад. Рӯзноманигорон ҳамчун намояндагони ин соҳа бояд бо ҳисси баланди масъулият ва муҳаббат ба Ватан фаъолият намоянд. Танҳо дар ҳамин сурат матбуот метавонад рисолати аслии худро иҷро намуда, воқеан ҳам роҳнамои ҷомеа ва ҳомии арзишҳои волои инсониву адолати комил бигардад.
Рӯзи матбуоти тоҷик фурсати хубест, барои қадрдонӣ аз заҳмати аҳли қалам, сипос гуфтан бар фаъолони матбуот ва арҷ гузоштан ба саҳми онҳо дар рушди ҷомеаи муосиру демократӣ мебошад. Бигзор матбуоти тоҷик ҳамеша дар роҳи ҳақиқат, адолат ва маърифат қадам гузошта, барои пешрафти кишвари азизамон саҳми арзишманди худро гузорад. Матбуот оинаи ҷомеа ва роҳнамои ва ҷамъият дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошад.
Ҷашн хуҷаста бод, аҳли қалам ва номусбардорони миллӣ!
ОРИЁПУШТ ЗАРДУШТМЕҲР
мутахассиси шуъбаи иттилооти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон