Рушди иқтисодиёти рақамӣ дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Қайд намудан лозим аст, ки дар даҳсолаҳои охир иқтисодиёти ҷаҳонӣ зери таъсири инқилоби рақамӣ қарор гирифта, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба омили аслии рушди устувор, рақобатпазирӣ ва амнияти иқтисодии давлатҳо табдил ёфтанд. Дар чунин шароит, гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ на танҳо интихоби стратегӣ, балки зарурати рӯз ва омили аслии пешрафт ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо дарки амиқи ҳаводиси ҷаҳонӣ, рушди бемайлони соҳаи иқтисоди муосир ва таваҷҷуҳ бар ин раванд, рушди иқтисодиёти рақамиро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муайян намудаанд, ки мақсад аз он зудтар расидан ба нишондиҳандаҳои воло мебошад. Ва Сарвари давлат борҳо роҷеъ ба ин масъала дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намудаанд.

Зикр намудан ба марид аст, ки насли муосири рақамӣ аз дигар шакли ҷомеаҳо бо суръати баланди интиқоли иттилоот, нигоҳдории ҳаҷми бузурги иттилоот дар дастгоҳҳои хотира, суръати бузурги ҷустуҷӯ ва шинохти иттилоот дар пойгоҳҳои гуногуни маълумот ва миқёси ҷаҳонии  интиқол ва паҳнкунии иттилоот тафовут дорад. Ҳамаи ин ҳолатҳо  боиси бо суръати баланд паҳн гардидани донишҳои илмӣ гардиданд, ки  ба тағйироти илмию техникӣ ва тағйири ҳолати иҷтимоии башарият таъсири амиқ гузошт.  

Дар замони муосир рушди соҳаҳои дар низоми иқтисодиёти миллӣ амалкунанда бидуни истифодаи самараноки технологияҳои муосири рақамӣ имконнопазир аст. Дар мақолаи мазкур масъалаҳои ташаккул ва рушди иқтисодиёти рақамӣ мавриди баррасӣ  қарор гирифтааст, ки меҳвари асосии таҳқиқотро баррасии паҳлуҳои гуногуни он ташкил медиҳад.

Рақамикунонии иқтисодиёт ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари хирадманди давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор дошта, ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Иқтисодиёти рақамӣ маҷмуи фаъолиятҳои иқтисодие мебошад, ки ба истифодаи технологияҳои рақамӣ, интернет, додаҳои калон (Big Data), зеҳни сунъӣ ва платформаҳои электронӣ асос меёбад. Хусусияти асосии ин раванд баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, коҳиш додани хароҷот, шаффофияти равандҳои иқтисодӣ ва густариши хизматрасониҳои рақамӣ мебошад.

Ёдрас шудан ба маврид аст, ки дар миёни олимони соҳаи иқтисоди кишвар иқтисодиёти рақамӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувори иқтисодиёт, рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, коҳиш додани коррупсия, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, арзёбӣ мегардад. Ва аз чанд ҷиҳат гузаштан ба иқтисоди рақамӣ шафофиятро таъмин месозад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ дар ин марид чунин ишора намуда буданд: «Истифодаи технологияҳои рақамӣ ва гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ талаби замон буда, он ба рушди босуръати соҳаҳои иқтисод ва идоракунии давлатӣ мусоидат мекунад».

Ва ин таъкиди Роҳбари давлат нишон медиҳад, ки  таваҷҷуҳ ба иқтисодиёти рақамӣ хеле зиёд буда, гузаштан ба ин низоми иқтисодӣ муаамову мушкилоти зиёдеро рафъ месозад.  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имослаи худ ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи иқтисодиёт ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар тамаркуз намуда, хостори ҳар чӣ зудтар рушд намудани тамоми соҳаҳо ва пешрафти кишвар мебошанд ва ҳамин таваҷҷуҳ ва талош нишон медиҳад, ки Паём на танҳо ҳисоботи фаъолияти яксолаи Ҳукумат, балки барномаи мукаммали рушди минбаъдаи мамлакатамон мебошад. Дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз самтҳои афзалиятнок, вазифаҳои мушаххас ва механизмҳои татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумат  муайян карда мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки дар солҳои охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ба  масъалаҳои зерини вобаста ба иқтисодиёт ва рақамикунонии соҳа аз ҷумла рушди ҳукумати электронӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисод, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар идоракунӣ, омодасозии мутахассисони соҳаи иқтисодиёти рақамӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ  доимо таъкид менамоянд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш зикр намуданд, ки … вазъи мураккабу пешгӯйинашавандаи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки низоми молиявии кишварро ба меъёрҳои муосир мутобиқ намуда, самаранокии идоракунии молияи давлатиро боз ҳам баланд бардорем”.

Қайд намудан зарур аст, ки яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодиёти рақамӣ, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд, ин пурра ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ мебошад. Ҳукумати электронӣ воситаи асосии баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, шаффофият ва дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳо дониста мешавад. Дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҷеъ ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар дода шуда, таъкид гардид, ки имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем”.

Дар ҳақиқат зимни амалӣ намудани ин ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равандҳои бақайдгирӣ ва низоми иҷозатномадиҳӣ содда мегардад, муносибати шаҳрванд бо давлат осон ва қулай мешавад, хароҷоти вақт ва маблағ коҳиш меёбад, омилҳои инсонӣ аз байн бурда мешавад, ки ин раванд метавонад, барои рушди тамоми соҳаҳо мусоидат намояд. Омили мазкур ба рушди иқтисодиёти рақамӣ кумак карда, муҳити мусоиди соҳибкорию сармоягузориро фароҳам месозад.

Ногуфта намонад, ки дар низоми молиявии кишвар ҷорӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ ба шаффофияти иқтисодӣ ва коҳиши иқтисоди пинҳонӣ дар ҳама коргоҳу ширкат ва муассисаҳои хусусӣ мусоидат менамояд.

Новобаста аз пешрафтҳои назаррас, рушди иқтисодиёти рақамӣ дар кишвар айни замон бо як қатор мушкилот мувоҷеҳ гардидааст, ки аз ҷумла нарасидани инфрасохтори рақамӣ дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар, сатҳи пасти саводнокии рақамии аҳолӣ, нарасидани мутахассисони баландихтисос ва ғайра мебошад, ки айни замон барои бартараф намудани он аз ҷониби Роҳбарияти кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олӣ  дастуру супоришҳо дода шуд.  Роҳбари давлат барои рушди босуботи кишвар пайваста талош менамоянд ва мунтазам таъкид меварзанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои бузург ва зиндагии шоиста ҳар як шаҳрванд бояд масъулият ҳис намояд ва содиқона барои пешрафт саҳм гузорад.  

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ин чанд соли охир роҷеъ ба гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла эълон намудани  “Солҳои 2025-2030 солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” дар кишвар, тасдиқи барномаи давлатӣ ва таъсиси ниҳоди махсус дар ин самт аз дастовардҳое мебошанд, ки барои рушди иқтисодиёти рақамӣ заминаи устувор гузошт.

Дар маҷмуъ метавон чунин ишора намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ дар рушди иқтисодиёти рақамӣ нақши бисёр ҳам муҳим бозид. Бояд хоттирасон намуд, ки рақамикунонии соҳаҳои иқтисод, рушди ҳукумати электронӣ, омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи рӯз ва ҷорӣ кардани  технологияҳои инноватсионӣ нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба самти  иқтисодиёти рақамӣ қадамҳои устувор мегузорад ва ин ҳама барои зиндагии шоистаи аҳолӣ рӯи кор гирифта шудааст. Мақсаду мароми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин пеш аз ҳама рушди кишвар ва осудагиву саодати миллат мебошад.

Раҳимзода Шукринисо Раҳим

дотсент, декани факултети металлургияи ДКМТ