Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маросими имзои созишномаи ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар маросими ба имзо расонидани шартномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии ДБССТ ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбар, декани факултети металлургия Раҳимзода Шукринисо ва директори Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ Ширинзода Наҷмиддин ширкта намуданд.
Ҷонибҳо барои такмили ихтисоси кормандон, тақвият додани хати омӯзишӣ ва самти фарогирӣ, ҳамкориҳои судманд ва мутақобилан судманд изҳори ҳавасмандӣ намуда, созишномаи ҳамкориро ба имзо расониданд.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба директори Марказ Ширинзода Наҷмиддин барои ҳамкорӣ изҳори сипос гуфта, ҳамзамон ба ректори Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор ҷиҳати талош ва кӯшишҳои баҳри рушди соҳа, ҳамкории судманд изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Таъкид карда шуд, ки бастани ин шартнома барои такмили ихтисоси омӯзгорону кормандони марказҳои дар назди ДКМТ буда ва ҳамзамон густариши ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат менамояд.
Шуъбаи иттилоот
