Мактаби давладори Пешвои миллат – масъалаҳои ташаккул ва рушд дар низоми давлатдории муосири Тоҷикистон

Мактаби давлатдории Пешвои миллат яке аз падидаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ, сиёсати дурбинона ва таҷрибаи ғании идоракунии давлатӣ тавонистанд бунёди давлати миллӣ, устувории сиёсӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоянд.

Пешвои миллат таъкид менамоянд: “Сохтани давлати миллӣ кори осон нест. Давлати миллӣ бар пояи худшиносӣ, ваҳдат ва ифтихори миллӣ бунёд меёбад”. (Эмомалӣ Раҳмон, “Тоҷикон дар оинаи таърих”)

  • Ташаккули мактаби давлатдорӣ

Пояҳои ин мактаб дар давраи душвори оғози солҳои 90-уми асри ХХ гузошта шуданд, вақте ки кишвар ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ ғӯтавар буд. Дар чунин шароит Пешвои миллат бо иродаи қавӣ ва сиёсати сулҳҷӯёна тавонистанд миллати тоҷикро сӯи ваҳдат, субот ва эҳёи давлатӣ раҳнамун созанд.

Ҳар як давлати муосир, бахусус давлатҳои пасошӯравӣ, барои ташаккули низоми устувори давлатдорӣ ва ҳифзи истиқлолият ба роҳбари сиёсӣ ва стратегияи дурусти роҳбарӣ ниёз дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нақшро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, бо дарки амиқи вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ ва бо иродаи қавии сиёсӣ иҷро намуданд. Дар ин замина, мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси як низоми назариявию амалӣ ташаккул ёфт, ки имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи таҳқиқоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ қарор дорад.

Марҳилаҳои ташаккули мактаби давлатдорӣ чунин мебошанд:

Марҳилаи аввали (1992–1997) – барқарорсозии сулҳ ва суботи миллӣ;

Марҳилаи дуюм (1998–2010) – таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ;

Марҳилаи сеюм (2011–то имрӯз) – рушди устувор, саноатикунонӣ ва таҳкими истиқлолияти миллӣ.

Дар ин замина, сиёсати оқилонаи Пешвои миллат давлатро аз буҳрон берун овард ва пояҳои давлатдории миллиро устувор намуд.

  • Мафҳум ва хусусиятҳои мактаби давлатдории Пешвои миллат

Мактаби давлатдории Пешвои миллат маҷмӯи назарияҳо, таҷрибаҳо ва арзишҳои идоракунии давлатӣ мебошад, ки дар заминаи таърихи пурғановати давлатдории тоҷикон ва воқеияти муосири ҷаҳонӣ ташаккул ёфтааст.

Хусусиятҳои асосии он иборатанд аз:

Такя ба арзишҳои миллӣ ва таърихии давлатдорӣ;

Сиёсати инсонмеҳвар ва иҷтимоӣ;

Мустаҳкам кардани пояҳои иқтисодӣ ва амниятӣ;

Рушди илму маориф ҳамчун омили асосии пешрафт;

Ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта.

Пешвои миллат таъкид мекунанд: “Мо бояд давлатдориро бо масъулияти баланд, бо меҳру муҳаббат ба Ватан ва мардум идома диҳем, то ки Тоҷикистон ҳамеша давлати озод, пешрафта ва обод бошад”.

3 Масъалаҳои рушд ва самтҳои оянда

Дар шароити ҷаҳонишавии муосир, рушди минбаъдаи мактаби давлатдорӣ бо як қатор масъалаҳои муҳим алоқаманд аст:

1 Саноатикунонии кишвар ҳамчун ҳадафи стратегии рушди иқтисодӣ;

2 Баланд бардоштани нерӯи инсонӣ тавассути таҳсилоти босифат ва сиёсати иҷтимоӣ;

3 Таҳкими амният ва истиқлолияти миллӣ;

4 Пешбурди сиёсати хориҷии мутавозин ва дӯстона;

5 Ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор.

Ин ҳама самтҳо бо ҳадафи ниҳоии Пешвои миллат муттаҳид мешаванд — сохтани давлати муосир, шукуфон ва пуриқтидори тоҷикон.

Мактаби давлатдории Пешвои миллат таҷассуми таҷрибаи давлатдории тоҷикон дар замони нав мебошад. Он на танҳо роҳи рушди устувори Тоҷикистонро муайян месозад, балки ҳамчун мактаби фикрӣ, сиёсӣ ва миллӣ барои наслҳои оянда намунаи ибрат мебошад.

Пешвои миллат иброз медоранд: “Мо бояд ба хотири сулҳ, ваҳдат ва рушди давлатдории миллӣ ҳамеша муттаҳид бошем, зеро ин муқаддастарин дастоварди мо аст”.

Дар заминаи таҷрибаи роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон як намунаи муоссири мактаби давлатдорӣ ташаккул ёфт, ки дар маркази он масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ташаккули давлатдории миллӣ, ва тарбияи сиёсӣ қарор доранд. Ин мактаб асос барои ташаккули муҳити илмӣ дар соҳаҳои сиёсати давлатӣ, идоракунии давлатӣ ва омӯзиши ҷомеашиносӣ гардидааст.

Мактаби давлатдорӣ на танҳо барои амалӣ кардани сиёсати давлатӣ муҳим аст, балки ҳамчун маводи омӯзишӣ барои донишҷӯён, муҳаққиқон ва сиёсатмадорон низ хидмат мекунад. Дар доираи донишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотӣ таҳлили фаъолияти Пешвои миллат, усулҳои роҳбарикунӣ ва сиёсати дохиливу хориҷӣ мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

Таҳқиқотҳои илмӣ оид ба мактаби давлатдории Пешвои миллат имконият медиҳанд, ки на танҳо фаъолияти сиёсии шахсияти Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардад, балки равандҳои рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар низ таҳлил шаванд. Ин таҳқиқотҳо дар таҳкими заминаҳои назариявии давлатдорӣ, рушди донишҳои сиёсӣ ва тарбияи кадрҳои нав нақши муҳим доранд.

Имрӯз мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиш дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва барномаҳои омодасозии кадрҳои сиёсӣ қарор дорад.

Аз ин рӯ, арзиши олие, ки новобаста аз мансубияти миллию динӣ метавонад тамоми миллатҳо, гурӯҳу ниҳодҳо ва неруҳои иҷтимоиро дар кишвар ба ҳам бипайвандад, ин фазои оромиву осуда ва зиндагии тинҷу беолоиши сокинони кишвар аст.

          Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст.

           Сарварони мамлакатҳои абарқудрат дар хусуси  хизматҳои шоистаи Пешвои миллати мо дар  таҳкими  пояҳои истиқлолияти давлатӣ изҳори назар карда, нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди  Тоҷикистон муҳим   арзёбӣ намудаанд.   Ҳамон гуна, ки яке аз собиқ сарварони  Амрико гуфтааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи барои давлаташ бениҳоят мураккаб инони давлатро ба даст гирифт. Аммо ӯ тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳро дар мамлакат барқарор созад ва ба арсаи байналмилалӣ ворид шавад. Чунин сиёсатмадорон ангуштшумор ҳастанд».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба арзиши  истиқлоли давлатӣ  чунин иброз намудаанд: «Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватанпарастиву ватандӯстии мо мебошад».

Формулаи сулҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ё худ формулаи наҷоти миллат барои миллати тоҷик мактаби бузург ва саҳифаи тоза дар таърих мебошад, ки насли фардо бояд аз ин дурдонаи хиради сиёсӣ хуб истифода намояд ва омӯзад, ки ин ба наҷоти давлати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.

Ногуфта намонад, ки дар муддати кӯтоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо зиёда аз 170 мамлакати ҷаҳон ҳамкорӣ ба роҳ монанд ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд.

Имрӯз  Тоҷикистон бо зиёда аз 140 мамлакати ҷаҳон равобити тиҷоратӣ ба роҳ мондааст. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дифоъ аз миллату ҳуқуқи башар аз минбарҳои баланд садо медиҳанд, ки нишони гуманизми баланди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад ва зиндагии мардум низ назар ба солҳои қабл садҳо маротиба беҳтар гардид. Истиқлолият ихтиёрро ба дасти миллат дод, то дар давлатсозӣ ва давлатдорӣ мустақил бошаду тамоми мушкилоту норасоиҳоро мустақилона бартараф созад. Хушбахтона, зери сарварии Пешвои миллат ин масъала ҳалли худро ёфт ва миллати тоҷик ба орзуи ҳазоронсолаи хеш расид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ду нақби бузург сохта шуд, ки марказҳои маъмуриро бо ҳам пайвастанд. Бо ин мушкилии шаҳрвандон, ки дар фасли сармо аз рафтуомад ба марказ ҷудо буданд, ҳал гардид ва роҳ барояшон кушода шуд. Имрӯз ин нақбҳо дар тамоми фасли сол дар хизмати мардум қарор доранд.

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар бозиҳои олимпии Париж варзишгарони ҷумҳурӣ се медал ба даст оварданд, ки ин аз рушди соҳаи варзиш дарак медиҳад.

Дар даврони мустақилияти ҷумҳурӣ даҳҳо омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо, муассисаҳои олии касбӣ ифтитоҳ шуданд, ки ҳамаи инҳо самараи истиқлолият буда, имрӯз дар ихтиёри миллат қарор доранд.

Мактабу муассисаҳои томактабӣ дар даврони истиқлолият бамаротиб афзуда, ҳанӯз ҳам  бунёди ин гуна муассисаҳо вобаста ба ниёзи шаҳрвандон идома дорад, ки ин ғамхории махсуси Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли наврасу ҷавони ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ тамоми имконият барои рушд фароҳам оварда шудааст. Ҳамин аст, ки ҳамаи соҳаҳои илм, маориф, иқтисодиёту иҷтимоиёт, кишоварзиву хоҷагидорӣ, энергетикаву металлургия, тандурустиву фарҳанг рушд намуда, нишондиҳандаҳои баланди иҷро ба даст меоянд, ки ин ҳам нишони мустақилияти комили ҷумҳурӣ мебошад.

Бояд иқрор намуд, ки миллати тоҷик аз ҳамон халқҳоест, ки чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз бо хиради азалии хеш дар барқарорсозӣ ва гулгулшукуфии ватани худ ҷонбозиҳои зиёд карда бо муваффақият ноил гаштааст. Имрӯзҳо низ, натиҷаи заҳмати ватанпарваронаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар асоси ваҳдат озодии комили худро ба даст дорад. Яке аз бузургтарин фарзонафарзанди баруманди тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои барқарор намудани Ваҳдати миллӣ худро зери вазнинтарин хатари ҷонӣ гузошта, ба кишварҳое, ки умеди бозгашт набуд сафар кард, то ки ба гурӯҳҳои мухолифин забон як карда, Тоҷикистони ҷангзадаро соҳибсулҳ гардонад.

Пешвои миллат дар ин музокираҳо бо хиради волои хеш байти машҳури бузургтарин ғазалсарои адабиёти форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ:

«Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,

Бо дӯстон мурувват бо душманон мадоро»-рo cармашқи кори худ карор дода, бо адовати мухолифин адолат намуда, барои халқи худ Ваҳдати комилро ато кард. Истиқлоли номиро бо истиқлоли ҳақиқӣ мубаддал гардонид.

Маҷмӯи ибтикороти маъмуриву  маърифатӣ, ки ҳидояту корсозиҳои Эмомалӣ Раҳмон бо ширкати сиёсатмадорони олимақом, донишмандони оламшумули хориҷӣ ва намояндагони ҷомеаи форсигӯёни ҷаҳон ҷараён гирифтаву ҳамоно бо шукӯҳу нусрат идома дорад, дар пайвастагӣ бо ободкориҳову созандагиҳо дар масири ташаккули фарҳанги муосири мамлакат, фарҳанги куҳану пурсарвати тоҷиконро дубора ҷавон гардонид ва шуҳрати таърихиашонро дар ҷаҳони имрӯза дигарбора мунташир сохт.

Забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун забони расмии кишвар пойдор  гардид ва давлат забонро дар паноҳи сиёсии худ қарор дод. Дар ин росто, мо нахуст ҷанбаҳои ҳуқуқиро муҳайё сохта, забони тоҷикиро дар Конститутсияи кишвар забони давлатӣ эълон намудем ва барои дар амал татбиқ намудани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кардем. Ҳадаф аз шинохти таърих, ҳикмату фарҳанг ва забону адабиёти оламгири ниёгон шинохти мақоми ҷаҳони миллати хеш аст, дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳилаи комилан навро ба вуҷуд овард. 

Бо мақсади рушд додани илму дониш ва баланд бардоштани маърифати насли ҷавон ва дарёфти истеъдодҳои нав дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд озмунҳо, ба мисли “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” ва ғайра амалӣ шуданд, ки аллакай ҳаводорони зиёде доранд. Ва ин барои ояндаи дурахшони насли ҷавон хеле муҳим мебошад.

Ҷиҳати баланд бардоштани хештаншиносӣ ва ҳисси миллии насли ҷавон озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон оинаи таърихи миллат” гузаронида шуда истодааст, ки ин хеле муҳим мебошад. Дар ҳақиқат дар бедор намудани ҳисси миллӣ ва ҳувияти миллии насли ҷавон саҳми китоби  “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бисёр ҳам бузург аст.

Ба ифтихори 115- солагии  академик Бобоҷон Ғафуров  таҳти унвони “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик” симпозиуми байналмилалӣ 5-уми декабри соли 2023 дар “Кохи Ваҳдат”, шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ҷараёни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки ба хотири огоҳии  бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни ниёгон китоби классикии “Шоҳнома” – и Абулқосим Фирдавсӣ бояд аз фонди захираи Президент нашр ва ҳамчун ҳадя ба ҳар як хонаводаи тоҷик тақдим карда шавад.

Аз солҳои 2003-2025 Душанбе мизбони сатҳи баланди байналмилалӣ 14 қатъномаи дахлдорро дар мавзӯъҳои об, рушди устувор, ҳамкорӣ дар идоракунии захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо, иқлим, экология қабул намуд.

Махсусан, суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди Созмони Миллали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» такони ҷиддие дар арсаи байналмилалӣ ба миён овард.

Нақши Президенти Тоҷикистон барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ чандин НБО дар Тоҷикистон сохта шуд. Бо пуррагӣ ба кор даромадани нерӯгоҳи барқии “Роғун” Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи  сабз” шомил мегардад.

Бунёди нерӯгоҳҳои азим – НБО “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, оғози кори чархҳои аввали НБО “Роғун” ва сохтмони даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду миёна, Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои дорои иқтидори баланди энергетикӣ табдил дод.

Сохтмони роҳҳои байналмилалӣ – Душанбе–Чаноқ, Душанбе–Қулма, Душанбе–Кӯлоб–Дарвоз–Хоруғ ва роҳҳои дохилӣ Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кард. Инчунин, садҳо мактабу кӯдакистон, беморхонаҳо, марказҳои ташхисӣ ва иншооти фарҳангиву варзишӣ бунёд гардиданд.

Истиқлоли давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, то миллати тоҷик мероси бостонии худро эҳё ва гиромӣ дорад. Ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз қабили 1100-солагии Давлати Сомониён, 1000 –солагии “Шоҳнома” –и Фирдавсӣ, 2700 –солагии шаҳри Кӯлоб,  Соли бузургдошти Имом Аъзам Абӯҳанифа, 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ, Соли бузурргдошти  Мирсайи Алии Ҳамадонӣ, 2700-солагии Саразм, 3000-солагии Ҳисор ва 5500-солагии Саразми қадим, 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  на танҳо ба ҷаҳониён фарҳанги бойи тоҷикро муаррифӣ карданд, балки ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносиро дар қалби мардум боз ҳам қавитар намуданд.

Тоҷикистон бо сиёсати «дарҳои кушода» ва ҳамкории мутақобилан судманд бо даҳҳо кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ тавонист мавқеи худро дар арсаи ҷаҳон мустаҳкам созад. Узвият дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар созмонҳо имконият дод, ки Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳмгузор бошад.

Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 январи соли 2025, №911, солҳои 2025–2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон гардид. Ин иқдом идомаи сиёсати солҳои истиқлол буда, ҳадафаш тезондани рақамикунонии соҳаҳои иқтисод ва ташаккули экосистемаи инноватсионӣ мебошад.

Солҳои 2025–2030 дар Тоҷикистон ба рақамисозӣ ва инноватсия бахшида шудаанд, ки ҳадафи асосии онҳо – таъмини иқтисоди рақобатпазир, соддагардонии хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва рушди кадрҳои муосир мебошад.

Ҷиҳати рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани малакаҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки омодасозии мутахассисони замони рақамӣ — барномасозон ва кадрҳои ИТ — бояд пурзӯр гардад. Барои ин, омӯзишҳои дохилу хориҷӣ тариқи ҳамкориҳои байналмилалӣ дастгирӣ мешавад.

Мактаби давлатдорӣ дар мисоли фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун як падидаи сиёсӣ, балки ҳамчун омили муҳими омӯзишӣ ва таҳқиқотӣ мавқеъ пайдо кардааст. Ин мактаб имкон медиҳад, ки насли ҷавон аз таҷрибаи муваффақи роҳбарӣ омӯзад ва дар заминаи он таҳқиқоти илмиву таълимӣ роҳандозӣ гардад.

Дар натиҷа, мактаби давлатдории Пешвои миллат ҳамчун як падидаи илмӣ ва сиёсӣ, таҷрибаи арзандаи идоракунии давлатӣ ва намунаи комили давлатсозии миллӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ мегардад.

Ҷаҳониён кунун мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро эътироф намуда, аз ин таҷрибаи нодир истифода мебаранд. Ҳамзамон метавон аз дигар созмону институтҳои бузурги пажуҳӣ низ ёдрас шуд, ки дар эътироф ва шинохти шахсияти сиёсии Пешвои  миллат садо баланд намудаву ба нақши Сарвари давлати  мо   ҳамчун сиёсатмадори таъсиргузор дар сиёсати ҷаҳонӣ баҳои баланд додаанд.

Имрӯз   миллати сарбаланди тоҷик саодатмандона зиндагӣ дораду аз мушкилоти зиёди дохиливу хориҷӣ вораҳида, ба масири нав қадам мезанад, ки ин аз бузургии миллати тоҷик ва талошу ҷонфидоии Қаҳрамони миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дарак  медиҳад.

 

Бахтиёр Маҳмадалӣ,

доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор,

ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон