Таҳти ҳамин унвон дар толори калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиш сардори раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимов Саидолим Саидмаҳмудович, сармутахассиси раёсати ҳамин агентӣ Ҳусейнов Шӯҳратҷон Шарипович, мудири кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханика дотсент Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Ҳамоишро мудири кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханика дотсент Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мақсади баргузории чорабинӣ, барномаи ҳамоиш, истифодаи самараноки неруи барқ, имконоти озмоишгоҳҳои соҳаи барқи Донишкада, ҷараёни омодасозии мутахассисони соҳаи барқ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, дар ҳамоиш сармутахассиси раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳусейнов Шӯҳратҷон Шарипович,
муҳандис-энергетики Донишкада Раҳмонзода Раҳмон, омӯзгори калони кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханика Эшов Зулфон Субҳонович маъруза намуданд.
Таъкид карда шуд, ки маданияти истифодабарии қувваи барқ аз масъалаҳои мубрам буда, баланд бардоштани он барои ҷомеа хеле муҳим мебошад.
Дар фароварди ҳамоиш ба ҳозирин варақаҳои иттилоотӣ тақдим карда шуд.
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои муҳими соҳаи саноат ва технологияҳои нав дар ҷумҳурӣ буда, мутахассисони соҳаи барқро дар сатҳи баланд омода менамояд.
Шуъбаи иттилоот



