Имрӯз,муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон бо ширкати сардорони раёсатҳо, деканҳо ва мудирони кафедраҳо баҳри тақвият додани корҳои илмӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ ҷаласа баргузор намуд. Дар ҷаласа масъалаҳои навиштани китобҳои илмӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳо, омода намудани дастурҳои таълимӣ, густариш додани робитаҳои байналмилалӣ бо шарикони хориҷӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ ва нашри он дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ, ба нашр расонидани маҷаллаи илмии “Ахбори ДКМТ” ва ҳамзамон сафарбар намудани омӯзгорони фаъол ба Донишгоҳҳои хориҷӣ баррасӣ карда шуд.
Муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон ба ҳозирин ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо, ҷоннок намудани кори Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ дастуру супориш дода, таъкид намуд, ки нақшаи корҳои илмии омӯзгорон бояд ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад.
Дар ҷаласа ширкаткунандагон андешаҳои хешро ироа намуда, баҳри амалӣ намудани нақшаву чорабиниҳо ва масъалаҳои баррасишуда, изҳори омодагӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов
