Имрӯз бо ибтикори кафедраи ташкили ҳамлу нақли факултети металлургия дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Истифодаи технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои рушди соҳаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ширкати меҳмонону олимони ватанӣ ва омӯзгорони донишкада баргузор гардид. Дар қисмати пленарии конференсияи олимону пажӯҳишгарон аз давлатҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии мардумии Чин ва дигар кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат намуда, суханронӣ намуданд.
Конфронси байналмилалиро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, конфронсро расман ифтитоҳ намуд. Мавсуф, таъкид намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” эълон гардид ва ин як такони ҷиддӣ барои рушди соҳа мебошад. Аз рӯи хулосаи олимон чунин таъриф намудан мумкин аст, ки иқтисодиёти рақамӣ кулли равандҳои иқтисодиро дар бар мегирад, ки дар онҳо технологияҳои рақамӣ дар истеҳсол, тақсимот, истеъмоли молҳо нақши калидӣ мебозанд. Иқтисоди рақамӣ ҷараёнҳои тиҷоратро ба тариқи автоматикунонӣ ва истифодаи технологияҳои нав тезтар ва арзонтар менемояд. Ин чиз шаффофиятро дар раванди тиҷорат ва кори соҳаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ баланд бардошта, дар навбати худ ба коҳиши амалҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, рақамикунонӣ шаклҳои бозори навро боз намуда, дар соҳаҳои мухталиф ҷойҳои кории ба талаботи замони муосир ҷавобгӯйро таъмин менамояд, ки ин чиз аз чандин ҷиҳат хуб ва писандида мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш чунин ибрози назар намуда буданд: “Технологияҳои инноватсионӣ ва рақамикунонӣ на танҳо воситаи асосии баланд бардоштани истеҳсолот, балки калиди асосии рақобатпазирӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошад”…
Ҳамчунин, дар қисмати пленарии конфронс академик, сардори раёсати байналмилалии Донишгоҳи аграрии Орлови Федератсияи Русия, Фазлиддин Тоҷидиннович дар мавзуи “Корбурди фанновариҳои рақамӣ дар истифодаи биометан ҳамчун сӯзишвории автомобилӣ дар шароити вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, профессор Суҳбатҷон Ҳусейнович дар мавзуи “Биогаз ҳамчун ҷойгузини сӯзишвории мотор”, Сатторов Сергей Абдиевич профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар мавзуи “Ҳамгироии шабакаҳои нейронӣ бо таъсироти квантумӣ” ва намояндаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам дотсент Раҳимова Раҳима дар мавзуи “Тамоюлҳои рушди нақлиёти автомобилӣ ва муаммоҳои муосири фаъолияти он” маъруза намуданд.
Дар фарҷоми қисмати пленарии конфронси байналмилалӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба меҳмонон ва олимон ҷиҳати маърузаҳои пурмуҳтаво ва ҳалли муаммоҳои мавҷуда, изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Сипас, кори конфронс аз рӯи бахшҳо аз ҷумла бахши “Технологияҳои инноватсионӣ ва системаҳои интеллектуалӣ”, бахши “Иқтисодиёт, менеҷмент ва ҳамлу нақл”, бахши “Энергетика ва корҳои кӯҳӣ”, бахши “Экология, маориф ва рушди иҷтимоӣ” дар толорҳои алоҳида идома пайдо намуд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар интиҳо ба декани факултети металлургия Собирова Шукриниссо ва мудири кафедраи ташкили ҳамлу нақл Бобоев Раимҷон Масобирович ва ҳайатим профессорию омӯзгории кафедраи мазкур барои дар сатҳи баланд баргузор намудани конфронси байналмилалӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ҳамчунин, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ барои фаъолияти пурсамар ва таҳияи маҷмӯаи мақолоти конфронси байналмилалӣ ба муовини аввали ректор дотсент Давлатзода Давлат ва омӯзгори кафедраи ташкили ҳамлу нақл Ғаффоров Хушрӯз изҳори сипосмандӣ баён кард.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов



