Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун — заминаи асосӣ барои саноатикунонии мамлакат» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи таъсисёбии Донишкада

Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун — заминаи асосӣ барои саноатикунонии мамлакат» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи таъсисёбии Донишкада

 

«Роғун рамзи сарҷамъии миллат, ифтихори ватандорӣ ва кафили пешрафти Тоҷикистон аст
Эмомалӣ РаҳмонПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Рӯзи 24 апрели соли 2025 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун — заминаи асосӣ барои саноатикунонии мамлакат» баргузор гардид. Конференсия ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи таъсисёбии Донишкада бахшида шуда, дар он намояндагони муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии ректори донишкада, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ оғоз ёфт, ки дар он аҳаммият ва нақши нерӯгоҳи Роғун дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар таъкид гардид. Сипас, маърӯзаҳои илмӣ-амалӣ аз ҷониби шахсони зерин шунида шуданд:

  • Саидзода Масрур Мирзохон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректори Донишкадаи байналмилалии Хуҷандии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, бо маърӯзаи худ таҳти унвони «НБО Роғун – сарчашмаи нур ва иншооти аср»;
  • Ваҳобов Обиддин Исомиддинович, муҳандиси пешбари шӯъбаи эътимодият ва амнияти фаннии филиали ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Гулистон, бо маърӯзаи «Сарфаи энергия ва истифодаи самараноки он»;
  • Умарҷонов Абдусафо Абдунаимович, номзади илмҳои техникӣ, иҷрокунандаи вазифаи профессори кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозии ДКМТ, бо маърӯзаи «Мошинсозии рақамии Тоҷикистон».

Пеш аз оғози конференсия дар Донишкада намоиши “Дарҳои кушод” бо иштироки Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода баргузор гардид. Дар чорабинӣ беш аз 30 корхонаи саноатии ҳамкор бо ширкати фаъолона дар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолӣ иштирок намуданд.

Бо иқдоми ректори донишкада д.и.и. профессмор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ба 30 корхонаи саноатӣ аз ҷумла ҶМТКММ “Апрелевка” , ҶДММ КМ  «Зарафшон», Вен Яфен, ҶСК “Ангишт” ш. Исфара, ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» н. Айнӣ , ҶММ ТА КМ  «Анзоб» н. Айнӣ, КВД  “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ш. Бӯстон, КФ ЗЗК «Зари   Суғд» -и КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж», ҶСП «Норд Азия Металл», ҶДММ     «Суғд Пак» дар ш. Бӯстон, ҶДММ   «Тоҷфилиз»  ш. Бӯстон, ҶДММ     «Хубҷамъ Инвест”, КВ “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум” ш. Гулистон, ҶДММ «Суғд Семент»,          ҶМДММ «Петролеум Суғд», ҶСК “Суғднафтугаз” ш.Исфара, МД  «Нақлиёти  автомобилӣ  ва хизматрасонии  логистикӣ» дар  вилояти Суғд, КДФ «Суғдзаминсоз» ш.Хуҷанд, КДФ «Аэрогеодезия» ш. Хуҷанд , «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», Филиали ҶСП бонки «Арванд» дар ш. Хуҷанд, ФҶСК бонки «Эсхата» дар ш. Бӯстон, Филиали 38-и КВД БАҶТ «Амонатбонк» дар ш. Бӯстон, Филиали ҶСК «Ориенбонк» дар ш. Бӯстон, ҶДММТАҚҲ «Азизӣ-Молия», ҶДММ «Озода косметикс» н.Б.Ғафуров, Агентии меҳнат ва шуғли ахолӣ дар вилояти Суғд, Агентии меҳнат ва шуғли ахолӣ дар шаҳри Бӯстон  барои ҳамкориҳои судманд Сипосномаҳо супорида шуд.

Чорабинӣ бо ҳадафи таҳкими робитаҳои илмӣ-амалӣ, густариши ҳамкориҳои муассир миёни соҳаи илм ва истеҳсолот, инчунин муаррифии нақши калидии НБО «Роғун» дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар, баргузор гардид.

 

 

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон минбаъд низ тасмим дорад, ки чунин иқдомҳои муҳими илмӣ ва амалӣ, ки ба рушди соҳаҳои калидии кишвар мусоидат менамоянд, пайгирона роҳандозӣ намояд.

 

                                           

   Раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии

         Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 25.04.2025 с.