Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин санади муҳимми ҳуқуқии давлати Тоҷикистон мебошад, ки принсипҳои асосии сохти сиёсӣ, ҳуқуқи инсон, маҷмӯи ҳуқуқҳо ва озодиҳо, инчунин вазифа ва масъулияти давлат ва шаҳрвандонро муайян мекунад. Он дар таърихи самтгирӣ ва рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақши марказии худро дорад. Конститутсия бо мақсади таъмин намудани мустақилии ҳуқуқӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ қабул гардида, ҷабҳаҳои таърихии мардумӣ ва фарҳанги миллатро инъикос мекунад.
Конститутсия ҳуқуқҳои асосии инсонро мустаҳкам мекунад, ки бе онҳо зиндагии озод ва арзанда ғайриимкон аст. Конститутсия – ин на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки ҳомии ҳақиқии ҳар як шаҳрванд, кафили озодӣ адолат ва рушди устувор аст. Он ҳокимиятро маҳдуд мекунад, ҳуқуқҳои инсонро муҳофизат менамояд ва ҷомеаро ба сӯи адолат ва баробарӣ раҳнамоӣ мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба санаи 6 ноябри соли 1994 қабул шуд ва беш аз 20 маротиба такмил шудааст. Он принсипҳои демократия, адолат, баробарии шаҳрвандонро дар бар мегирад. Конститутсияи мазкур ҳамчун санади асосии давлат ва нишондиҳандаи волоияти қонун дар кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, он дар таҳкими сохтори демократӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нақши бузург дорад ва бо баҳогузории созишномаҳои байналмилалӣ ҳамчун инъикоскунандагони арзишҳои умумибашарӣ мебошад. 6-ноябр, ёдгори муҳими таърихи навини Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин санаи стратегӣ ифодаи иродаи халқи тоҷик ва рамзи устувории давлатдории миллӣ аст. Конститутсия, ки дар соли 1994 қабул гардид, ҳамчун санади асосии ҳуқуқии кишвар, ба таҳқиқи системаи сиёсии давлат, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои шаҳрвандон аҳамияти махсус дода, заминаи ҳуқуқии таъмини сулҳ ва суботро муҳайё мекунад.
Мо имсол 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Конститутсия некутарин суннатҳои миллати тоҷикро, инчунин арзишҳои умумии инсонӣ дарбар гирифта, барои рушди демократия, ҳуқуқ ва адолат заминаи устувор гузошт. Он дар таҳкими мувофиқатҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, инчунин дар таблиғи фарҳанги ҳуқуқшиносӣ нақши меҳварӣ мебозад. Созишу ҳамзистии осоиштаи халқҳо, ки дар рузгори собиқ ватан чун зарурати ривоҷу равнақи муносибатҳои иҷтимоӣ маҳсуб меёбад, бо шеваи маъруфи конститутсионӣ ба марҳалаи нави таърихӣ ворид мешавад.
Баланд бардоштани маърифати конститутсионӣ ва маънавии шаҳрвандон, рамзи қадршумории ҳуқуқу озодиҳо, даврае аст, ки мо барои дидгоҳҳои ояндаи хеш муҳим медонем. Рӯзи Конститутсия ҳамчун ҷашн, ҷониби натиҷаҳои муқаддасоти ин санадро таҷлил намуда, аҳли ҷомеаро ба мустақилияти фикрӣ ва рушди мизони сиёсии кишвар ҳидоят мекунад. Рӯзи Конститутсия ҳамчун заминаи таҳкими арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, боиси озодии аҳолӣ ва шаҳрвандон мегардад. Ин санаи муқаддас моро водор мекунад, ки дар баробари истиқболи муҳимтарин ҳуҷҷати ҳуқуқии кишвар, ба хусусиятҳои демократия ва давлатдории миллӣ, таваҷҷӯҳ намоем.
Конститутсия ҳамчун рамзи беҳтарин анъанаҳои миллати тоҷик ва усулҳои муосири ҳуқуқӣ, некуаҳволии ҷомеаро таъмин менамояд. Ҳамзамон, бо роҳи таҳияи муҳити мустақил, Конститутсия заминаҳои мустаҳками низомҳои сиёсиро барои таъмин намудани волоияти қонун, талабҳои демократӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон фароҳам меорад. Маърифати конститутсионӣ барои рушди шуури шаҳрвандӣ ва масъулияти риояи ҳуқуқ ва озодиҳо аҳамияти беназир дорад.
Таҳкими ин арзишҳо, боварии мардум ба ҳукуматро баланд карда, ба рушди устувори ҷомеа мусоидат менамояд. Рӯзи Конститутсия дар Тоҷикистон на танҳо як санаи таърихӣ, балки як фурсати муҳим барои андешидани он аст, ки чӣ гуна метавонем арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсонро дар амал баланд бардорем. Маҳз дар ин рӯз, мо имконият дорем то ба зарурати таҳкими волоияти қонун ва риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон диққат диҳем. Бо таваҷҷӯҳ ба принсипҳои демократӣ, ҳар як фард метавонад дар хидмат ба ҷомеа ва пешбурди давлат саҳми худро гузорад.
Конститутсия, ба сифати санади асосии ҳуқуқии кишвар, рамзи иттифоқи миллии тоҷикон буда, бояд ҳамчун манбаи илҳом барои тадбирҳои ислоҳотӣ ва фарҳангӣ шинохта шавад. Истифодаи дониш ва таҷрибаҳо дар ҷабҳаи ҳуқуқи инсон ва демократия, имкон медиҳад, ки заминаи самараноки давлатии ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мустаҳкам гардад. Ҳамин тариқ, мо метавонистем ба рушд ва такомули ҷомеа дар муҳити демократӣ маънӣ медиҳем. Вобаста ба ин, баргузории чорабиниҳои гуногун дар рӯзи Конститутсия ба ҳар як сокини кишвар имконият медиҳад, ки дар баробари баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ, барои эҳтиром ва риояи ҳуқуқҳои инсон кӯшиш кунанд. Ба ин васила, мо метавонем баргузории ин рӯзи муқаддасро ба як расмият хотирнигорӣ намоем, ки ба солимии сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа мусоидат менамояд.
Кенҷаев У.Қ. ассистенти кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
