КОНСТИТУТСИЯ—САНАДИ САОДАТСОЗИ МИЛЛАТ

Ин шабу рӯз аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-санади сарнавиштсози миллат 31 сол пур шуд ва ин сана аз санаде нақл мекунад, ки тақдири миллат ба он вобастагӣ дорад.
Ҳамон гуна, ки маълум аст, бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳо барои сохтани давлати миллӣ муҳайё гардиду бо дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ— Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи кишвар низ дар таҳрири нав бо такмилу баинобатгирии шароити замони муосир қабул карда шуд, ки ин раванд аз баланд будани маданияти иҷтимоӣ ва донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон шаҳодат медиҳад. Ногуфта намонад, ки имрӯз Конститутсияи мо дар қатори 5 Конститутсияи беҳтарини ҷаҳон қарор гирифтааст, ки ин ҳам ифодакунандаи маданияти баланд, давлатдорӣ ва соҳибтамаддунии миллати тоҷик мебошад.
Хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтани давлати навини тоҷикон ва эҳёи миллат бениҳоят бузург мебошад ва ҳар насли соҳибхирад бояд, ки ин хидматҳои Сарвари хирадманди кишварро фаромӯш насозаду аз он мардона қадрдонӣ намояд. Эҳтиром бар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин арҷгузорӣ бар тамаддуни бузург ва миллати сарбаланди тоҷик мебошад!
Конститутсия бахтномаи миллат ва равшангари роҳи бехатар ва босуботи ҷомеа мебошад, ки тавассути он муттаҳидӣ ва якмаромиву мустақилияти ҷомеа дар роҳи интихобкардааш муайян карда мешавад. Конститутсия кафили муколамаи озод ва бидуни низоъ ва эътирози миллат ва ҳар як сокини кишвар бо давлат мебошад. Зеро ба таъбири файласуфи бузург Арасту “давлат агар таҳкимбахши муносибати табии ҷомеа бошад”, пас Конститутсияи кафолати побарҷо мондани давлат ва мустақилияту соҳибихтиёрии ҷомеа аст.
Конститутсия танзимгари фаъолияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар соҳаҳои муҳими ҷомеа буда, тағйирнопазирии низоми қонунии давлатро кафолат медиҳад, ки ин ҷо мешавад гуфт, ки Конститутсия ин санади бузург ва яке аз шоҳсутунҳои бақои давлати миллии тоҷикон мебошад.
Қайд намудан зарур аст, ки дар гузаштаи дури таърихӣ ва бо сабабҳои гуногун миллати тоҷик аз баракати давлати миллӣ бенасиб гардида буд, ки бештар ҳамин чиз таъмин нагардидани ҳуқуқҳо ва баробарии шаҳрвандонро тақозо менамуд, ки бо истиқлолият ба даст овардани давлат ин масъала низ ҳалли худро ёфт ва миллати саодатманди тоҷик соҳиби Қонуни миллии хеш гардид.
Зикр кардан зарур аст, ки пеш аз ҳама Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтани давлати комилан миллӣ ва фароҳам гардидани ҳуқуқҳои баробари ҷамъиятҳои мухталиф дар Тоҷикистон шароит муҳайё намуд, ки ин бори дигар санади муҳим ва тақдирсоз будани конститутсияро ифода менамояд. Чизи дигаре, ки барои кулли тоҷикону тоҷикистониён муҳим аст, ин рушд ёфтани конститутсиализми комилан ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад. Дар қатори дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон имрӯз Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун яке аз беҳтарин конститутсияҳои олам ҳисобида мешавад, ки ин аз дараҷаи баланди маданият ва шуури сиёсиву ҳуқуқии сокинони мамлакатамон гувоҳӣ медиҳад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии худ перомуни ин санади муҳим барои ҷомеа чунин изҳори назар намуда буданд: «Аз баракати ин санади олии тақдирсоз ва ифодакунандаи мақсаду мароми давлати соҳибистиқлоламон, то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии халқи мо дигаргуниҳои куллӣ ба амал пайвастанд. Конститутсия, пеш аз ҳама, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии кишварамон табдил ёфт».
Дарвоқеъ, имрӯз Конститутсия ин кафолати зиндагии осоишта ва фароҳамоварандаи салоҳиятҳои бештар ба шаҳрвандон дар зиндагии бомарому босаодат мебошад. Зеро сарчашмаи зиндагии босаодат ва мустақил ин итоат кардан ба қонун мебошад. Ҳар қадар маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бошад, ҳамон қадар зиндагӣ зебову ором ва инсон босаодат мешавад. Инсони хирадманд зиндагиро дар чаҳорчӯбаи қонун месозад ва озодона зиндагӣ мекунад.
Қайд намудан зарур аст, ки қабл аз ҳама Конститутсия бар миллат роҳи нави пурсаодату ором ва некро фароҳам намуда, масири ояндаро маълум сохт. Ва инро метавон гуфт, ки ин як санадест, ки ормонҳои деринаи миллатро бароварда сохт ва дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувор гузошт.
Аз ин рӯ, арҷ гузоштан ба ин санаи муқаддас ин арҷгузорӣ ба маърифати воло ва санади саодатсоз, бахтномаи миллат мебошад.
Бахту ормон ва саодати миллат аз Конститутсия сарчашма мегирад.
МИРЗОЗОДА ВОҲИДҶОН
муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон