КОНСТИТУТСИЯ—РОҲНАМО ВА ҲОМИИ МИЛЛАТ

Мусаллам аст, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябр ҳамчун санаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад ва ин таҷлил ёддоште аз рӯзи эътирофи давлату миллат дар саросари ҷаҳон ва оғози танзими ҳаёти қонунии ҷомеа дар руҳияи миллӣ мебошад.
Ҳамон гуна, ки таъкид карда мешавад Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муқаддас ва муаррификунандаи давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Маҳз, ҳамин санади олӣ меъёрҳои муносибатҳои байналмилалиро маълум менамояд. Ҳаёти иҷтимои иқтисодӣ ва тамоми муносибатҳои ҷамъиятиро танзим менамояд.
Албатта, вақте сухан дар бораи конститутсия ва қонунгузорӣ меравад, аввалин санади танзимкунандаи ҳаёти ҷамъиятӣ ё худ аввалин Конститутсияи аз ҷониби Куруши Кабир таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Эъломияи Куруши Кабир аввалин санадест, ки дар он роҷеъ ба озодиву ҳуқуқи инсон, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ сухан меравад. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки миллати сарбаланди тоҷик аз дарозои таърих дар танзим ва риояи қонунияти зиндагӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ пешгом будаасту дар ҳифзи ҳуқуқи хеш пешдаст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба ин масъала чунин фармудаанд: «Ҳарчанд илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист».
Яъне, дар ба низом даровардани ҳуқуқи башар миллати тамаддунофари тоҷик саҳми бузург дорад ва инро мо ҳамчун меросбарони тамаддуни бузург бояд ҳаргиз фаромӯш насозем.
Дар замони мо корнамоиҳои Курушро Сарвари хирадманди кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такрор намуданд ва дар қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бузург гузоштанд. Дар моддаи панҷи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.
Яъне, дар меҳвари ҳар як қонун ва санади танзимкунанда ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд меистад ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи баланди башардӯстӣ таҳия ва қабул карда шудааст. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни ин масъала фармудаанд: “Дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид. Аз ҷониби халқи Тоҷикистон пазируфта шудани роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар заминаҳои воқеии ҳуқуқӣ гузошт”.
Воқеан ҳам риояи адолат дар ҳама соҳа, барои рушд, ваҳдати комил ва пешрафти фарҳанги волои инсонӣ замина мегузорад. Инсоният ҳамеша хостори пешрафт, зиндагии муназзам ва муносибатҳои хубу аҳлона мебошад ва дар конститутсияи кишвари мо ин масъала равшан инъикос ёфтааст.
Албатта, конститутсия инсонро роҳнамоӣ мекунад, то дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ мустақилона тасмим бигирад ва ҳаёти босаодати хешро бисозад. Ҳар як инсони комил ва хирадманд зарурияти Конститутсияро дарк менамояд ва онро ҳамчун ҳомии хеш қабул менамояд. Зеро қонунмандӣ ва риоят, ҳифз ва дифоъ аз ҳуқуқи хеш ин аз фарҳанг ё маърифати баланди ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳад.
Миллати сарбаланди тоҷик барои ҳуқуқу озодиҳои хеш муборизаи тӯлонӣ бурдааст ва маҳз бо шарофати соҳибистиқлол гардидан ба дастовардҳои беназир соҳиб гардид, ки дар ин саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ басо бузург мебошад. Миллати сарбаланди тоҷик хидматҳои ин абармарди таърихсоз ва башардӯстро ҳаргиз фаромӯш намесозад ва ҳамеша қадр хоҳад кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои беназир ноил гардид, ки ин ҳама заҳмату талош ва кӯшишҳои Сарвари маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Таъкид намудан зарур аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори панҷ Конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст, ки ин ҳам аз хиради воло ва мавқеи Роҳбари давлат ва миллати сарбаланди тоҷик шаҳодат медиҳад.
Феълан, миллати сарбаланди тоҷик бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиндагии босаодат ва мустақилу озод даст ёфт, ки асоси онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад…
Дар фарҷом ҳамватанони арҷмандро ба ин санаи муқаддас табрику таҳният гуфта, ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ муваффақиятҳои беназир таманно менамоям!
ДАВЛАТЗОДА ДАВЛАТ
муовини аввали ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон