Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии ҳар як тоҷик

Яке аз муҳимтарин нишонаҳои  давлати устувору соҳибистиқлол, ин соҳиб будан ба Конститутсияи комил ва ҳокимияти қавии конститутсионӣ мебошад. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ин нишонаҳоро доро буда, мувофиқи  таҳлили коршиносони муътабари ҳуқуқӣ ва сиёсӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз комилтарин  ва пешрафтатарин  санади ҳуқуқии ҷаҳонӣ мебошад ва ба қатори панҷ Конститутсияи беҳтарини дунё шомил гардидааст. Он меъёрҳои  муосиртарини сохторӣ ва арзишии низомҳои демократӣ ва ҳуқуқу озодиҳои эътирофшудаи умумибашариро  фаро гирифтааст.

Аммо соҳиб шудан ба чунин Конститутсия роҳи басе душвор  ва печидае буд, ки ин роҳро пушти сар гузошт. Ҳар як қадами он моҳияти таърихӣ ва аҳамияти тақдирсоз дошт. Дар садри ин талошу  муборизаи  таърихии миллат  Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ки бо ҷонбозиҳо халқро  соҳиби шиносномаӣ давлатӣ  ва аркони қавии давлатдорӣ намуд.

Корномаи сиёсии  Эмомалӣ  Раҳмон бо мафҳуми  Конститутсия аз оғоз пайванди ногусастанӣ дошт, зеро ӯ аввалин қадами худро ба арсаи сиёсати бузург  маҳз бо ҳамин маром, яъне барқарории ҳокимияти конститутсионӣ, гузошт. Ӯ замоне  ба роҳбарии давлат расид, ки Конститутсияи  Тоҷикистон  на танҳо ба як санади бетаъсир, балки ба бозичаи  дасти гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ табдил ёфта буд.  Қариб дар ҳар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд банди Конститутсия  ба манфиати ин ё он гурӯҳ тағйир дода мешуд. Фақат соли 1992 ба Конститутсияи Тоҷикистон даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Аз тарафи дигар, таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бе устувории Конститутсия таъмини раванди сиёсӣ ва пойдории давлат номумкин аст. Роҳбари давлат ин масъаларо чунин ба миён гузошта буд: “Бе қабули Конститутсияи нав ва дар асоси он муайян намудани  сиёсати ҳуқуқии кишвар ва барқарор намудани сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ  пешравии ҷомеаро таъмин кардан, муайян  намудани сиёсати дохиливу хориҷӣ ва ҳимояи манфиатҳои сиёсиву иқтисодии  кишвар ғайриимкон буда, давлат  ва ҷомеаи мо дар ҳар қадам ба душвориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ рӯ ба рӯ мегардад”.

Аз ин сабаб, Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро маҳз аз ташаккул  ва устувории Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.Танҳо ҳамин хизмати  Эмомалӣ Раҳмон кофист, ки ӯро ҳамчун поягузори ҳуқуқии давлати навини тоҷикон эътироф намоем.  Барои дарки дурусти ин корномаи таърихии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба чор ҷанбаи асосии фаъолияти ӯ дар ин самт хеле муҳим аст.

Ҷанбаи якум, саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил ва роҳбарии бевоситаи раванди таҳия ва қабули  Конститутсияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол. Нуктаи муҳим дар ин самт он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон раванди таҳия ва қабули Конститутсияро дар шакли бисёр шаффоф ва демократӣ ба роҳ монд. Гарчи мувофиқи Конститутсияи он замон амалкунанда  Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ворид намудани ҳама гуна тағйироту иловаҳоро доро буд, лек баръакси ин, Эмомалӣ Раҳмон ба муҳокимаи умумихалқии  Конститутсия ва қабули он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ  ташкил намуд.  Ба дастури ӯ се гурӯҳи мустақили корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи  Конститутсия таъсис ёфт, ки ин як амали бесобиқа аст. Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон шахсан ин равандро  бевосита зери назорат гирифта, пайваста таъкид менамуд. ки ҳар як пешниҳоди  мардум ва орзуву омоли қишрҳои мухталифи ҷомеа ба назар гирифта шаванд.

Дар ин раванди таърихӣ аз тарафи мардум ба гурӯҳҳои корӣ беш аз ҳаштуним ҳазор таклифу пешниҳод расид.  Пешвои миллат ин лаҳзаҳои таърихиро  дар суханронии худ чунин ёдоварӣ намудаанд: “Қабули Қонуни асосии кишвар, ки аслан бо дарназардошти андешаву пешниҳодҳои сершумори мардуми шарифи Тоҷикистон таҳия гардидааст, танҳо ба шарофату кушишу талошҳои халқи тоҷик дар роҳи эъмори давлатдории навин муяссар гардид. Аз ин лиҳоз, қабули ин санад дастоварди бузурги миллии мо ба шумор меравад”.

Ҷанбаи дуюм, саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули мазмун ва меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол. Аъзои гурӯҳҳои кории таҳияи Конститутсия дар ёддошт хотирнишон карданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сардори давлат дар шаклгирии мазмун ва меъёрҳои усулии   Конститутсия низ саҳми бориз дошт.  Зимни нишастҳои корӣ Эмомалӣ Раҳмон идея, арзиш, меъёр ва механизмҳоеро ироа мекард.  ки бо дурандешона   будани  худ фарқ мекарданд. Масалан, матни моддаи якуми Конститутсия, ки мазмун ва моҳияти давлатдории миллии моро ифода мекунад,бевосита  аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон ба миён  гузошта шудааст. Он меъёрҳои усулие, ки дар ин модда сабт  шудаанд, ҳанӯз дар аввалин суханронии Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми интихоб ба ҳайси Роҳбари Тоҷикистон  дар Иҷлосияи таърихии XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд садо дода буданд.Маҳз дар он лаҳзаи таърихӣ  ӯ ба қатъият эълон кард, ки ҷонибдори давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд  мебошад.

Ҳамин идеяи Эмомалӣ Раҳмон аввалин хишти Конститутсияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол буд.Он батадриҷ такмил ёфта, ба меъёри муайянкунандаи давлатдории миллии  муосири мо табдил ёфт. 

Ҷанбаи сеюм, саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми ислоҳоти конститутсионӣ ва такмили низоми ҳуқуқии кишвар. Пас аз қабули Конститутсияи мукаммал бояд Маҷмуи қонунҳо пурра ислоҳ гашта, ба низоми ҳуқуқии давлати мустақили миллӣ табдил дода мешуд.  Ҳамин тавр, зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон дар заминаи  Конститутсияи навини миллӣ ислоҳоти амиқи қонунгузорӣ сурат гирифт.

Дар ин давраи  кӯтоҳ, дар заминаи он 16 қонуни конститутсионӣ, 21 кодекс, 14 қонуни авф, 18 қонуни буҷет, 17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 30 санади ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба, 313 қонуни соҳавӣ ва зиёда аз 17 ҳазор қарори Ҳукумат  қабул шудааст.Дар ин миён 3  кодекс ва 61 санади меъёрии дигар вазифаҳои давравии худро иҷро карда, аз эътибор соқит дониста шудаанд. Ба ин восита модели давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ки дар Конститутсия қабул шуда буд, дар низоми қонунгузории кишвар пурра татбиқ гашт.

Ҷанбаи чорум, саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи амалии ҳадафҳо ва меъёрҳои  Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол. Моҳияти ин самти фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон  дар он аст, ки ӯ дар таърихи  давлатдории  миллӣ на танҳо ташаббускори қабули Конститутсияи Тоҷикистони  соҳибистиқлол, балки ҳамчун татбиқкунандаи   ин санади  таърихӣ шинохта мешаванд.   Таҷриба нишон медиҳад, ки гарчи кабули чунин Конститутсияи мукаммал, осон набуд, аммо дар амал татбиқ кардани он вазифаи боз ҳам душвортар аст. Ҳамин тавр, дар чунин шароити печида, татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ аз Эмомалӣ Раҳмон заҳмат, талош ва ҷасорати махсусро талаб мекард. Хушбахтона, Пешвои миллат дар мураккабтарин марҳилаи таърихӣ  ҳаракати умумимардумии таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бевосита роҳбарӣ намуда, дар ташаккули мазмун  ва меъёрҳои  он саҳми бевосита гузошта, ислоҳоти сарнавиштсози конститутсиониро ҷасурона пеш бурда, бо фаъолияти пурсамари худ  татбиқи  амалии  ин санади таърихиро таъмин намудааст. Табиист, ки бо чунин нақш ва хидмати таърихӣ ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи халқи тоҷик бисёр баланд ва номи ӯ дар саҳифаи давлатдории миллии мо барои ҳамеша пойдор аст.

Ҷураева .Ш.И.   

ассистенти   кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон