Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муқаддас ва роҳнамои миллат мебошад, ки пояи давлатдорӣ, адолат, озодӣ ва ваҳдати миллии моро мустаҳкам мегардонад. Ҳар як давлат барои нигоҳ доштани истиқлол, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва таҳкими пояҳои иҷтимоиву иқтисодии худ ба Қонуни асосӣ такя мекунад. Барои миллати тоҷик бошад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ ва сарнавишти навини давлатдорӣ маънои бузург дорад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ (9 сентябри соли 1991), зарурати таҳияи Конститутсияи миллии худ пеш омад, ки арзишҳои миллӣ, анъанаҳои давлатдории тоҷикон ва талаботи замони муосирро дар бар гирад. Маҳз бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 6 ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Ин сана барои мардуми Тоҷикистон ҳамчун рӯзи таърихӣ ва иди муқаддас Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардида, ҳар сол бо ифтихор таҷлил мегардад.
Конститутсия на танҳо пояи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, балки нишонаи ваҳдати миллӣ ва ҳувияти давлатдории мо мебошад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пояҳои қудрати давлатӣ, сохтори идоракунӣ, ҳамчунин масъулияти давлатро дар назди мардум муайян намудааст.
Қабули Конститутсия ба Тоҷикистон имконият дод, ки низоми давлатдориро дар асоси принсипҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоӣ ташкил намояд. Дар моддаи якуми Конститутсия омадааст: «Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад», ин ҷумла мазмуни амиқи давлатдории миллии моро ифода мекунад.
Конститутсия ҳамчун омили муттаҳидкунанда, давлатсоз ва таъмини суботу амният дар ҷомеа нақши бузург мебошад. Ба шарофати он, давлат ва ҷомеа тавонистанд пас аз солҳои душвор ба роҳи рушди устувор, ваҳдати миллӣ ва эҳёи фарҳангиву маънавӣ қадам гузоранд.
Дар тӯли солҳои минбаъда, ба Конститутсия якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, аз ҷумла солҳои 1999, 2003 ва 2016.Ҳар як ислоҳот ба такмили низоми давлатдорӣ, таҳкими пояҳои демократия, боло бурдани нақши қонун дар ҳаёти ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон равона гардидааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо пояи ҳуқуқии давлатдорӣ, балки сарчашмаи асосии рушди соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Дар миёни ҳамаи ин соҳаҳо, маориф ва илм ҷойгоҳи махсус доранд, зеро маҳз онҳо омили асосии ташаккули маънавиёт, худшиносӣ ва ватандӯстии насли нав ба ҳисоб мераванд. Дар моддаи 41-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳар як шахс ҳуқуқ ба таҳсил дорад. Давлат таълими умумии ҳатмии асосиро кафолат медиҳад». Ин муқаррарот нишон медиҳад, ки давлат ба таҳсил ҳамчун ҳуқуқи бунёдии инсон ва воситаи асосии рушду пешрафти ҷомеа муносибати хоса дорад.
Конститутсия бо муқаррар намудани ин ҳуқуқ, масъулияти давлат ва ҷомеаро дар назди насли ҷавон муайян намудааст. Давлат вазифадор аст, ки барои ҳама шаҳрвандон имконияти баробар дар таҳсил фароҳам оварад, муассисаҳои таълимиро рушд диҳад, сифати таълимро баланд бардорад ва омӯзгоронро дастгирӣ намояд.
Бахусус, дар даврони истиқлолият таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи маориф ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шуд. Қонунҳои зиёде барои дастгирии омӯзгорон, муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯён қабул гардиданд, ки дар асоси Конститутсия таҳия ёфтаанд.
Конститутсия ҳамчун санади муҳими роҳнамо барои рушди маориф ва таъмини адолати иҷтимоӣ хизмат мекунад. Он ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди кишварро ба таҳсил, худтакмилдиҳӣ ва иштирок дар ҳаёти илмӣ кафолат медиҳад.
Ҳамзамон, нақши Конститутсия дар соҳаи маориф на танҳо дар таъмини ҳуқуқ ба таҳсил, балки дар баланд бардоштани мақоми омӯзгор низ ифода меёбад. Зеро омӯзгор яке аз сутунҳои асосии давлат аст, ки иҷрои меъёрҳои конститутсиониро дар амал таъмин менамояд ӯ насли наврасро дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба қонун ва вафодорӣ ба давлат тарбия мекунад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», ки соли 2025 қабул гардидааст, яке аз муҳимтарин қонунҳои соҳавӣ мебошад, ки мустақиман дар асоси меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Ин қонун ба мақсади баланд бардоштани ҷойгоҳ, ҳимояи ҳуқуқ ва кафолати иҷтимоии омӯзгорон, инчунин таҳкими обрӯ ва масъулияти онҳо дар ҷомеа равона гардидааст.
Тибқи моддаи 1-уми ин қонун, омӯзгор шахсе мебошад, ки фаъолияти худро дар соҳаи таълим ва тарбия пеш мебарад ва барои ташаккули шахсияти донишомӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, адолат ва эҳтиром ба қонун саҳм мегузорад.
Қонуни мазкур аз Конститутсия сарчашма гирифта, татбиқи амалии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро ба таҳсил таъмин менамояд. Моддаи 41-и Конститутсия, ки ҳуқуқ ба таҳсилро муқаррар мекунад, дар ин қонун пурра амалӣ мегардад, зеро омӯзгор шахсе аст, ки ин ҳуқуқро дар амал татбиқ мекунад.
Қонуни «Дар бораи мақоми омӯзгор» на танҳо ба таълиму тарбия, балки ба зиндагии иҷтимоии омӯзгор низ дахл дорад. Дар он барои омӯзгор кафолатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ пешбинӣ шудаанд дар расми 1 оварда шудааст.
Ин қонун омӯзгорро ҳамчун намояндаи давлатӣ дар соҳаи маърифат ва тарбия мешиносад. Яъне омӯзгор на танҳо вазифаи омӯзиш, балки рисолати маънавию ахлоқиро низ бар дӯш дорад ва пайвандгари насли гузашта ва оянда буда, арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва таърихи давлатро ба ҷавонон меомӯзонад. Қонуни “Дар бораи мақоми омӯзгор” давоми мантиқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро ба таҳсил, ба эҳтироми меҳнат ва ба зиндагии шоиста таъмин менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зикр намудаанд:
«Омӯзгорон бояд ифтихори миллӣ дошта бошанд, чунки онҳо тарбиятгари насли оянда ва муҳофизи маънавиёти миллӣ мебошанд».
Ин андешаи пурҳикмат дар худ моҳияти аслии рисолати омӯзгорро инъикос мекунад: омӯзгор бояд пешвои маърифат ва виҷдони миллат бошад.
Қонуни мазкур ба омӯзгор имконият медиҳад, ки бо ифтихор ва масъулияти баланд фаъолият намояд, зеро давлат рисолати ӯро ба расмият шинохта, мақоми иҷтимоиву ҳуқуқии ӯро бо қонун ҳифз менамоянд.
Дар ҳар давру замон омӯзгор яке аз шахсиятҳои калидӣ дар рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад ва донишу маърифат меомӯзонад, балки ҷаҳонбинии шаҳрвандӣ ва эҳсоси масъулиятро дар қалби шогирдон бедор мекунад.
Дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши омӯзгор боз ҳам муҳимтар гардид, зеро ӯ вазифадор аст, ки ҷавонро бо рӯҳияи эҳтиром ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва арзишҳои миллӣ тарбия намояд. Омӯзгор на танҳо дониш медиҳад, балки эҳсоси ватандӯстӣ, сулҳпарварӣ ва садоқат ба Пешвои миллатро дар қалби шогирд ҷой мекунад. Омӯзгор бояд шогирдро тавре тарбия намояд, ки ӯ на танҳо донишманд, балки инсони бофарҳанг, масъулиятшинос ва ватанпарвар бошад. Барои ин, омӯзгор бояд худ намунаи зиндаи одоб, ахлоқ, меҳнатдӯстӣ ва инсондӯстӣ бошад.
Нақши омӯзгор дар таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ низ калон аст. Омӯзгор бо сухан ва рафтори худ сулҳу оромӣ ва ҳамбастагиро таблиғ мекунад. Омӯзгорон имрӯз ҳамчун муҳофизони маънавияти миллӣ ва ҷонибдорони сиёсати давлату ҳукумат шинохта шудаанд. Омӯзгорон на танҳо василаи таълим, балки пояҳои устувори давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд.
Имрӯз ҳар як омӯзгор бояд бо дарки амиқи моҳияти Конститутсия ва қонунгузории миллӣ, рисолати баланди худро ҳамчун парварандаи зеҳни насли нав идрок намояд. Зеро ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдат, пешрафти илму маориф ва амнияти миллӣ ҳама аз донишу виҷдон ва садоқати омӯзгор вобаста аст. Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки китоби муқаддаси ҳаёт, сарчашмаи худшиносӣ ва меҳанпарастии ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус омӯзгорон мебошад.
Расми 1
Мирбобоев Ш.Ҷ.
н.и.т. дотсент,
декани факултети зеҳни сунъӣ ва техналогияҳои нави
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

