КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ИҶТИМОИИ КИШВАР

Ҳамон гуна, ки маълум аст, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид ва ин як санади муқаддасу асосии давлату миллат ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин рӯз ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва барои ҳар як шаҳрванд рамзи саодатмандӣ, соҳибистиқлолӣ, ваҳдат ва ҳуқуқбунёдиву сарнавиштсози миллат мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо сохтори давлат ва тартиби фаъолияти мақомоти ҳокимиятро муайян менамояд, балки асоси зиндагии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро низ ба танзим медарорад. Дар ин санади муқаддас ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун, озодии сухан, виҷдон ва фаъолияти меҳнатӣ, зиндагии шоиста кафолат дода мешавад.
Дар ин санади тақдирсоз ва хеле муҳим тамоми унсурҳо, хостаҳо ва анъанаҳои миллати сарбаланди тоҷик ба инобат гирифта шудаасту он роҳи ояндаи дурахшони миллатро муаррифӣ месозад. Марому мақсади миллати сарбаланди тоҷик бо шарофати қабули Конститутсия амалӣ гардид ва имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ тоҷику тоҷикистониро ҳамчун миллати бузург мешиносад.
Ҳамон гуна, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Марому мақсади халқи Тоҷикистон, ҳадафҳо ва нақшаҳои стратегии давлат, ки дар Конститутсия эълон шуда буданд, дар як муддати кӯтоҳ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон пазируфта шуданд, зеро онҳо бо арзишҳо ва ҳадафҳои ҷомеаи мутамаддини башарӣ мутобиқ мебошанд”.
Конститутсия ба рушди иҷтимоии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Тибқи ин санади тақдирсоз давлат сиёсати иҷтимоиро бо тавсеаи сатҳи зиндагии мардум, таҳкими адолати иҷтимоӣ, ҳифзи иҷтимоии қишрҳои осебпазир ва таъмини шароити шоистаи зиндагӣ равона кардааст. Бо такя ба меъёрҳои конститутсионӣ, солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва баробарии гендерӣ босуръат рушд ёфт. Мо, рушди бемайлони ин соҳаҳоро ҳамарӯза мушоҳида менамоем ва ин ҳам хидмати бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро дар муддати кӯтоҳтарин тавонистанд, ки кишварро аз бунбаст раҳо бахшанду ба беҳтарин ва амнтарин кишвари дунё табдил доданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати моро ҳамчун давлати иҷтимоӣ ва ҳуқуқбунёд муаррифӣ менамояд, ки дар он инсон ва ҳуқуқҳои ӯ арзиши олӣ дониста мешавад. Ҳамин меъёрҳо ва принсипҳо асоси барномаҳои давлатӣ ва ислоҳоти иҷтимоиро фароҳам овардаанд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ мусоидат намуд.
Қайд намудан лозим аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки рамзи саодат, мустақилият, ваҳдат, субот ва пешрафти ҷомеаи навин мебошад. Сарқонуни асосӣ ҷомеаро ба сӯи созандагӣ, худшиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳифзи муқаддасот, раҳнамоӣ мекунад, ки ин ҳам роҳи расидан ба зиндагии беҳтару шоиста ва рушди соҳаи иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Дар умум, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи тамоми дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву сиёсӣ ва рамзи давлатдории навини миллати сарбаланди тоҷик мебошад.
Анвар Саидов
муовини декани факултети электромеханикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон