ИҶЛОСИЯИ НАҶОТБАХШ

Дар ҳайёти ҷамъиятию сиёсии ҳар як кишвар ва халқу миллат воқеаю падидаҳое руй медиҳанд, ки бо аҳамияту арзишмандиашон дар сарнавишти минбаъдаи халқ ва ҳастии миллат нақши тақдирсозиро бозида, дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд.
Иҷлосияи тахрихии XVI-Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 – ноябри то санаи 2 – декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд – Қасри – Арбоб баргузор гардид аз зумраи чунин воқеаҳои таърихӣ ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар маҷлиси тантанавии ҷумҳурявӣ ба муносибати 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (08.09.2011) таъқид намуданд, ки «Имрӯз бо гузашти бист сол бо вазеҳияти тамом дарк менамоем, ки Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чи нақши муҳиме бозид ва ба души мо, яъне онҳо, ки бо амри тақдир дар айни ҷанги хонумонсӯз зимоми давлатиро ба даст гирифта буданд, чи масъулияти бузург афтода буд». Хушбахтона, имрӯз мардуми сарбаланди кишварамон дар партави ин таъкидҳои хирадмандонаи Сарвари давлатамон кору фаъолият намуда тавассути татбиқи қарорҳои Иҷлосияи тақдирсоз таҳкими Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ бо дастовардҳои бузург ноил гаштанд.
Бо гузашти вақт аҳамият, шукуҳу шаҳомат ва нақши тақдирсозии Иҷлосияи таърихии XVI – Шурои олӣ боз ҳам равшантару возеҳтар аён мегардад. Дар бораи аҳамияти таърихӣ ва тақдирсози Иҷлосияи мазкур сухан ронда, пеш аз ҳама бояд зикр намуд, ки бузургтарин дастоварди он барқарор кардани сулҳи комил ва Ваҳдати миллии тоҷикон мебошад. Маҳз тавассути меҳнатҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пойдории ваҳдати миллӣ мо тавонистем, ки Истиқлолияти давлатӣ ва неъматҳои муқаддаси онро ҳифз намоем. Зеро дар он солҳо ҳифзи Истиқлолият ин маънои пояҳои устувори давлатдорӣ, тоб овардан ба имтиҳони душвори ҳаёти мустақилона, ба роҳ мондани истиқлолияти муосир ва устувор нигоҳ доштани давлати демокративу ҳуқуқбунёдро дошт.
Мавриди зикр аст, ки пас аз баргузории Иҷлосияи мазкур дар ҷумҳуриамон корҳои бунёдкориву созандагӣ, раҳои ёфтан аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, сохтмони нақбу пулҳо, роҳҳои оҳан ва автомобилгард, сохтмону ба кор андохтани корхонаҳои хурду калони саноатӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак бо кишварҳои хориҷӣ маҳз тавассути амалӣ гардониданӣ қарорҳои таърихии Иҷлосия ба даст оварда шудаанд.
Яке аз қонунҳои қабулшудаи иҷлосия ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон» мебошад. Татбиқи қонуни мазкур дар бораи ба Ватан бар гардонидани зиёда аз як миллион гурезагонӣ иҷборӣ мусоидат намуда, миллати моро аз парешонӣ наҷот дод.
Дар давоми 30 соли баъд аз Иҷлосияи XVI мамлакати мо дар бунёди ҷомеаи демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин давраи таърихӣ кишвари мо соҳиби Парчам, Нишон ва Сурурди миллӣ гардид. Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳайси як давлати мустақил ва узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муарифкунандаи давлати соҳибихтиёр дар байни парчамҳои кишварҳои узвӣ Созмони Милали Мутатаҳид парафшонӣ мекунад, ки ин ифтихори бузурги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Баъди иҷлосияи таърихи дар муддати кӯтоҳ хотима бахшидан ба даргириҳо, тарафҳоро ба ифоқа овардан ва эҷод намудани ваҳдати миллии тоҷикон неъмати бебаҳо ва падидаи басо камназир аст. Ба ҳеҷ васила набояд аз ёд баровард, ки он саҳлу осон ба даст наомадааст, балки маҳз бо талошҳову андешидани тадбирҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат мо ба ин комёбии бузург ноил гардидем. Хидмати Роҳбари давлат дар ин самт бисёр бузург аст. Ин танҳо хулосаи мо нест, балки нақши боризи Сарвари давлати моро дар хотима бахшидани даргириҳо, таҳкиму сулҳу сабоҳ ва дубора барқарор кардани ҳаёти осоишта шахсиятҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ низ эътироф намудаанд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор гирифтааст. Тоҷикон собит намуданд, ки ҳар қавму миллате, ки орзуи ободии Ватан ва пойдории давлати худро дорад, танҳо дар сурате муваффақ мешавад, ки мисли Роҳбари давлати мо шахсияти хирадманду ҷоннисори марзу буми аҷдодӣ дораду дар атрофи ӯ муттаҳид мегардаду барои ободии сарзамини худ пайваста талош меварзад.
Имрӯз тавассути ташаббусҳои бузургу ояндасозӣ Сарвари давлатамон обурую эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ боло рафтааст, ки ҳамаи ин дастовардҳо аз қарорҳо ва санадҳои қабулнамудаи Иҷлосияи таърихии XVI – Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз Иҷлосияи XVI – Шурои Олиро наҷотбахшу тақдирсоз намудан зарурияти таърихӣ аст.
Адабиётҳо
1. Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикистон даҳ соли истиқлолият, ваҳдати милли ва бунёдкори. Душанбе. 2001. Ҷ1. Саҳ. 18 – 19.
2. Бунёди давлатдории навин. /Зери таҳрири Убайдуллоев. Москва; Радуница. 2002 – 416 с.
3. Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон”
4. Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии ҶТ. /Омӯзгор №10 – 4- марти соли 2011.
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Бобоҷонов С.Н.-устоди кафедраи коркарди конҳои
канданиҳои фоиданок