ИШТИРОКИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА МАҲМАДАЛӢ БАХТИЁР НАБӢ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ
Бо рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва таъсири он ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва байналмилалӣ, зарурати баррасии масоили муҳим ва замонавӣ дар соҳаҳои молия, баҳисобгирӣ, аудит ва илмҳои дақиқ ба миён омадааст. Бо дарназардошти ин омилҳо, рӯзи 30 апрели соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд, дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд – як воҳиди сохтории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон – Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Мавзӯи асосии конференсия «Масоили муҳими молия, баҳисобгирӣ, аудит ва илмҳои дақиқ дар шароити рақамикунонӣ» буд. Дар он намояндагони донишгоҳҳо, пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳқиқотии ватаниву хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар конференсияи байналмиллаии мазкур ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон д.и.и., профессор Маҳмадалӣ Б.Н дар маъзураи илмӣ “Неругоҳи барқи обии Роғун – заминаи асосӣ барои саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ” дар сатҳи олӣ бароман намуд.
Маъруза аҳамияти стратегӣ ва иқтисодии НБО Роғунро дар рушди инфрасохторӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.
Конференсия як платформаи муҳими табодули афкор ва таҷриба байни олимони соҳа гардид. Иштирокчиён дар мавзуъҳои зерин ба мувофиқа расиданд:
– Зарурати таҳия ва татбиқи низоми ягонаи рақамии баҳисобгирии муҳосибӣ дар Тоҷикистон;
– Омӯзиш ва мутобиқсозии таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи ИИ ва IT дар муҳити иқтисодии миллӣ;
– Паст кардани сатҳи бюрократия дар соҳаи аудити молиявӣ тавассути истифодаи технологияи рақамӣ;
– Ташвиқи ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ ва ташкил намудани курсҳои омӯзишии муштарак дар соҳаи рақамикунонӣ.
Конференсия бори дигар нишон дод, ки рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бе ҳамгироии илм ва технология имконнопазир аст. Иштироки фаъолонаи олимон, устодон, донишҷӯён ва меҳмонон аз кишварҳои ҳамсоя нишони таваҷҷуҳи баланди ҷомеаи илмӣ ба масоили мубрами замони муосир мебошад.
Мирбобоев Ш.Ҷ.
н.и.т., мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ