
Санаи 14 июни соли 2025, дар осоишгоҳи “Баҳористон”-и вилояти Суғд ҷаласаи кории гурӯҳи маҳаллӣ оид ба баррасии масъалаҳои афзалиятноки соҳаи маориф баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд ширкат варзиданд.
Дар ин чорабинии муҳими сатҳи ҷумҳуриявӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, доктори илми иқтисод, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ва мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ, номзади илми техникӣ, дотсент Мирбобоев Шӯҳрат Ҷурабоевич фаъолона иштирок намуданд.
Ҷаласаро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Ҳамро ифтитоҳ карда, доир ба самтҳои афзалиятноки рушди маориф ва ҳамкории байнисоҳавӣ андешаронӣ намуданд. Дар ҷаласа зиёда аз 14 намояндаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла созмонҳои шарики рушд низ ҳузур доштанд.
Иштироки намояндагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд бозгӯи саҳми муассисаи мазкур дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бахши маориф ва таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мебошад.