ИШТИРОКИ ОЛИМИ ҶАВОНИ ДОНИШКАДА МИРБОБОЕВ Ш. Ҷ. ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА 1155-СОЛАГИИ ОЛИМИ БУЗУРГ АБУМАНСУРИ МОТУРИДӢ

27- уми майи соли 2025 бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 1155-солагии олими бузург, асосгузори каломи Мовароуннаҳр Абумансури Мотуридӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Абумансури Мотуридӣ асосгузори каломи ақлгароӣ ва таҳаммулпазирӣ” баргузор гардид.
Дар кори конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуллоҳ Қурбоналӣ, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор, Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон Пирхон, президенти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Абдуқодирзода Саидмукаррам ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар бахши II Мирбобоев Ш. Ҷ. дар конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба 1155-солагии олими бузург Абумансури Мотуридӣ дар МАВЗӮЪИ: НАҚШ ВА МЕРОСИ АБУМАНСУР МОТУРИДӢ ДАР ТАШАККУЛИ ФИКРИ ИСЛОМӢ ВА КАЛОМ баромад намуд.

 

Мирбобоев Ш.Ҷ.

Мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ