
Санаи 8-уми майи соли 2025 дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани гувоҳномаи иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ дар МИҲД-и вилояти Суғд ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо донишҷӯён иброз дошт, ки ҷавонони кишвар аз ҷумла, ҷавонони вилояти Суғд дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурди татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақши муҳим доранд. Таваҷҷӯҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷӯёну магистрантон ва аспирантон дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир гардида, иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад.
Боиси ифтихор аст, ки дар соли хониши 2024-2025 3 нафар донишҷӯёни донишкада, ки дар ҳафтаи худидоракунӣ дар МИҲД-и вилояти Суғд иштирок намуда буданд, бо Гувоҳнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Насриддинов Шаҳбоз
сардори бахши кор бо ҷавонон