
Иди омӯзгорон яке аз рӯзҳои пурифтихор ва пурмазмуни ҷомеаи тоҷикони дунё мебошад. Муаллим дар тӯли таърих ҳамчун маърифатпарвар, тарбиягар ва роҳнамои миллат арҷгузорӣ шудааст, ки дар шароити имрӯза, ки Тоҷикистон дар роҳи рушду пешрафти устувор қарор дорад, нақши омӯзгор боз ҳам бештар гардида, мақому манзалати ӯ ба шарофати сиёсати хирадмандона ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам баландтар шудааст.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки “муаллим пояи асосии пешрафти ҷомеа аст”. Ин сухан шаҳодати он аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор диққати аввалиндараҷа медиҳад. Аз ин рӯ, солҳои охир як қатор барномаҳои давлатӣ, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, таъмин кардани онҳо бо технологияҳои муосир ва баланд бардоштани маоши омӯзгорон ба самти сиёсати маорифпарваронаи кишвар равона карда шудааст.
Ифтихори омӯзгор на танҳо дар зинаи таълим, балки дар саҳми бузурги ӯ барои худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва тарбияи насли ҷавон ифода меёбад. Ҳар як донишманду соҳибилм, мутахассиси баландпоя ва шахсияти маъруф маҳз бо роҳнамоӣ ва меҳнати шабонарӯзии омӯзгор ба камол расидааст.
Имрӯз омӯзгор бо пуштибонӣ ва дастгирии Пешвои миллат на танҳо дар ҷомеа мавқеи арзанда дорад, балки ифтихори ӯ ҳамчун меъмори маърифат ва пайванди рушди давлатдории миллӣ боз ҳам устувортар гардидааст.
Бинобар ин, Иди омӯзгор на танҳо ҷашни касбӣ, балки рӯзи арҷгузорӣ ба заҳмати азиму шоистаи онҳо мебошад. Ҳар як омӯзгор бо ифтихор гуфта метавонад, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат рисолати таърихии худ — тарбияи насли созанда ва ватандӯстро сарбаландона иҷро менамояд.
Раҳматов Абдумавлон
омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон