Ифротгароӣ оқибат ба терроризм мебарад

Чаро ҷавонони ноогоҳ ифротӣ мешаванд?

Чаро одамон ба хурофотпарастӣ дода мешаванд?

Қайд кардан  зарур аст, ки ифротгароён ба одамон авомфиребона иҷрои камбудӣ ва норасоиҳои ҳаёт ва мушкилоташонро дар таъминоти иҷтимоӣ ваъда медиҳанд ва қисми зудбовари аҳолиро ба доми худ кашид. Онҳо ҳар гуна дигарандешӣ ва ваҳдату якпорчагиро ба хотири сулҳу салоҳ инкор намуда, фақат арзишҳои сиёсӣ ва мафкуравии хешро меписанданду халос.

Ифротгароиро дар шаклҳои мухталиф дидан мумкин аст, ки ба вижа ифротгароии сиёсӣ, динӣ ва миллӣ аёнтар аст. Ифротгароии миллӣ талаботу манфиатҳои миллату қавми хешро ҳимоя намуда, манфиатҳо ва ҳуқуқҳои дигари миллию этникиро сарфи назар менамояд. Дар бисёр ҳолатҳо вай ба ҷараёнҳои ҷудоиандозӣ пайваста, ҷудо намудани ноҳияҳо, минтақаҳои алоҳидаро мақсади худ меҳисобад. Муқовиматҳо оид ба Ҳолландия, дар Ҳиндустон, масъалаҳои Ирландияи шимолӣ дар Британияи кабир, баскҳо дар Испания, бретинҳо ва корсиканҳо дар Фаронса, музофоти Квебек дар Канада ва ғайра метавонад мисоле хубе барои дарки ин гуфта бошад.

Феълан кулли ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки бо тамоми шаклҳои зуҳуроти ифротгароӣ мубориза баранд. Ниҳон нест, ки дар сафҳои ифротгароёни дар мамлакатҳои араб ҷанганда, иддае аз ҷавонони гумроҳи мамлакати Осиёи Марказӣ низ иштирок мекунанд, ки ин падидаи номатлуб барои мардуми мо хеле нангин мебошад. Мо, бояд пеши роҳи чунин амалҳои ношоямро бигирем ва ин амал бояд қатъиян маҳкум гардад. Чунин амалҳо ба тарбияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ эҳтиром ба хоки муқаддаси зодгоҳ, волидон, ҳамватанон, хешу пайвандон, халал расонида ба пешрафти давлат ба таври  демократӣ монеа эҷод месозад. Барои рафъи чунин падидаҳои номатлуб муборизаи беамон бурдан аз вазифаҳои натанҳо давлат ва ҳокимият, балки тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Ва ҳар як нафарро зарур аст, ки барои пешрафт ва муваффақияти фарзанди худ тамоми маълумоти заруриро бар ӯ арзонӣ дорад ва доим таъкид созад, ки ҳушёр бошаду зиракиро аз даст надиҳад. Зеро ҳама гуна амалкарди бемашварат ва нодуруст инсонро ба роҳи нодуруст мебарад. Агар пеши роҳи ифротгароӣ дар ҳама шакл гирифта нашавад, оқибат ба терроризм мебарад.

Шаҳбоз Насриддинов

омӯзгори ДКМТ