Ҳамагон хуб медонанд, ки ифротгароӣ яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, метавонад ба субот, амният ва рушди иҷтимоӣ таъсири манфӣ бирасонад. Бавижа, таъсири он ба насли ҷавон нигаронкунанда мебошад, зеро ҷавонон қишри фаъол ва ояндасози ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Агар ҷавонон ба андешаҳои ифротӣ ҷалб шаванд, ин метавонад на танҳо ҳаёти шахсии ононро вайрон намояд, балки ба ҷомеа низ зарари калон мерасонад.
Ифротгароӣ маънои аз ҳад гузаштани ақида, рафтор ё эътиқодро дорад, ки метавонад ба рад кардани арзишҳои умумии инсонӣ, қонун ва тартибот оварда расонад. Одатан, ифротгароӣ дар шакли сиёсӣ, динӣ ё иҷтимоӣ зоҳир мешавад. Шахсони ифротгаро аксар вақт ҷаҳонро танҳо аз як нуқтаи назар мебинанд ва андешаҳои солиму созандаи дигаронро қабул намекунанд ва ин низ як мушкили аслӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Яке аз сабабҳои асосии ҷалби ҷавонон ба ифротгароӣ норасоии маърифат ва дониш мебошад. Ҷавононе, ки маълумоти кофӣ надоранд, осонтар фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ мегарданд. Ҳамзамон, бекорӣ, камбизоатӣ ва набудани имкониятҳои рушди шахсӣ метавонанд ҷавононро ба чунин роҳ баранд. Вале ин як тарафи масъала аст ва сабаби асосӣ ин бемаърифатӣ ва надоштани дониши амиқ мебошад.
Омили дигар ин таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет мебошад. Имрӯзҳо, гурӯҳҳои ифротӣ аз технологияҳои муосир истифода бурда, ҷавононро бо ваъдаҳои бардурӯғ ва шиорҳои ҷолиб ба худ ҷалб мекунанд. Онҳо оқилона аз ҳисси адолатхоҳӣ, эҳсосоти динӣ ё миллӣ ва ноумедии ҷавононро истифода мебаранд.
Муҳити оилавӣ низ нақши муҳим дорад. Агар дар оила тарбия дуруст ба роҳ монда нашавад, назорати падару модар суст бошад, эҳтимолияти ба роҳи нодуруст рафтани ҷавонон зиёд мегардад. Ва ин чиз бисёр хатарнок мебошаду бар ташаккули ҷомеаи солим халал мерасонад.
Ифротгароӣ пеш аз ҳама ба шуури ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Онҳо ҷаҳонро бо чашми душманӣ мебинанд, таҳаммулпазириро аз даст медиҳанд ва ба зӯроварӣ майл пайдо мекунанд. Ин ҳолат метавонад онҳоро аз ҷомеа дур созад ва ба танҳоӣ барад. Ин тарзи тафаккур хатарноктарин дар миёни ҷомеаи пешрафта дониста мешавад.
Ҳамчунин, ифротгароӣ ба таҳсил ва рушди шахсӣ халал мерасонад. Ҷавононе, ки ба чунин гурӯҳҳо ҳамроҳ мешаванд, аксар вақт таҳсилро тарк мекунанд ва имкониятҳои худро барои ояндаи дурахшон аз даст медиҳанд.
Аз ҷиҳати равонӣ низ таъсири манфӣ хеле зиёд аст. Ифротгароӣ метавонад ба ташаккули тафаккури маҳдуд, нафрат ва бадбинӣ оварда расонад. Инсонро сахт худписанд ва нисбати дигарон бадбин гардонад. Ин ҳолат ба муносибатҳои иҷтимоӣ, дӯстӣ, бародархондагӣ ва ҳатто ба муносибатҳои оилавӣ низ таъсири бад мерасонад.
Қайд намудан лозим аст, ки ифротгароӣ на танҳо ба шахс, балки бар тамоми ҷомеа хатар дорад. Ҷавонони ифротгаро метавонанд ба амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла зӯроварӣ, терроризм ва нооромӣ даст зананд. Ин ҳолат суботи ҷомеаро вайрон мекунад ва рушди кишварро бозмедорад.
Ғайр аз ин, ифротгароӣ метавонад боиси паҳншавии нафрат байни гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа гардад. Ин ба ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта халал ворид намуда, тухми нифоқро паҳн месозад, ки оқибати ногувор дорад.
Ҷиҳати пешгирӣ намудани ифротгароӣ дар байни ҷавонон бояд чораҳои ҳамаҷониба андешида шаванд. Пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва дониш муҳим мебошад. Маориф бояд ҷавононро бо арзишҳои инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ҳуқуқи дигарон тарбия намояд. Дар ин ҷода, нақши оила низ хеле муҳим аст. Падару модарон бояд ба тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд, бо онҳо суҳбат кунанд ва аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар бошанд.
Ҳамчунин,ҷомеа бояд барои ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварад — ҷойҳои корӣ, имкониятҳои таҳсил ва рушди шахсӣ. Вақте ки ҷавон бо корҳои муфид машғул аст, эҳтимоли ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб шуданаш кам мешавад.
Истифодаи дурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ бисёр муҳим мебошад. Ҷавонон бояд омӯхта шаванд, ки чӣ гуна маълумоти дурустро аз нодуруст фарқ кунанд ва ба таблиғоти бардурӯғ бовар накунанд.
Дар умум, ифротгароӣ як падидаи хатарнок аст, ки метавонад ояндаи ҷавонон ва ҷомеаро зери хатар гузорад. Мубориза бо он танҳо вазифаи давлат нест, балки вазифаи ҳар як узви ҷомеа мебошад. Агар мо мехоҳем, ки насли ҷавон солим, босавод ва ватандӯст бошад, бояд ба тарбия, маориф ва рушди онҳо диққати махсус диҳем.
Танҳо бо ҳамкории оила, мактаб ва ҷомеа метавонем ҷавононро аз таъсири манфии ифротгароӣ ва дигар омилҳои манфӣ ҳифз намоем ва барои онҳо ояндаи дурахшонро бунёд намоем.
Дар ҷомеа ҳар шахс бояд барои аз байн бурдани ифротгароӣ ва андешаҳои манфӣ талош намояд.
Шаҳбоз Насриддинов
мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

