
Тавре маълум аст, Тоҷикистон 9- уми сентябр мустақилияти худро бидуни хунрезӣ, яъне ба таври осоишта ва ором ба даст овард. Шуруъ аз ҳамон рӯз мардуми шарифи тоҷик солагрди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Бояд зикр намуд, ки ин истиқлолият барои Тоҷикистон гарчанде озодӣ оварда бошад ҳам, лекин дар оғоз мушкилҳо дошт. Аз як ҷониб дар дохил ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз шуда буд, мерафт аз тарафи дигар робитаҳои иқтисодӣ он қадар рушд накарда буд ва ҳамаи вақт мехосту барои ин фурсати зиёд лозим буд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти Тоҷикистон устувор гардид ва сулҳу субот дар кишвар фароҳам шуд. Шоире дар бораи истиқлол чунин фармудааст:
Чист истиқлол давлат доштан,
Дар Ватан бо ёр Ваҳдат доштан.
Ҳуҷҷати сабзи ватандорӣ ба даст,
Ҳаққи ман гуфтан саодат доштан.
Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии хеш қарор дорад. Истиқлолият ин падидаи давлатдорие мебошад, ки дар фазои он инсон озодона умр ба сар бурда бо истифода аз ҳуқуқҳои худ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ҳуқуқи ширкат варзиданро дорад. Зиндагиро дар ҳар давлат бидуни Истиқлолият тасаввур кардан имконнопазир аст. Ҳамин тавр озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишони барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувияти миллӣ ва шарту бақои таърихии миллат ва давлат мебошад.
Истиқлолият барои мо имкони воқеи фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намомем. Тамоми сокинони кишвар имрӯз ифтихор доранд, ки 34 сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ парчам, нишон ва суруди миллӣ гардидем.
Қайд намудан зарур аст, ки аз рӯзе, ки идораи давлат ба дасти фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузашт, дар тамоми пояҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ҳамон тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъқид кардаанд: “Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқубунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад.”
Феълан, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари озод эътироф шудааст, мо шаҳрвандони он бояд мисли фарзандони як модар амал намуда, дар бунёди Тоҷикистони навин саҳм бигузорему бо исми миллати худ ифтихор намоем. Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик хушбахтист ва танҳо бо роҳи Ваҳдат ва меҳнати ҳалол метавонем Истиқлолияти худро ҳифз намоем ва Ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Ин ҳадафҳо танҳо ба воситаи илму дониш, ақлу заковат ва меҳнатдӯстӣ муяссар мегарданд.
Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин падидаи нодиири таърихӣ бирасем, зеро Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбӣ овард.
Хуҷаста бод, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон!
Туев Шоҳин Шоевич
мудири кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ
Хӯҷамов Санъат
омӯзгори кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ