
Имсол, хушнуд аз он ҳастем, ки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва оромӣ 34-умин солгарди истиқлолияти давлатиро таҷлил менамоем. Зикр намудан зарур аст, ки истиқлолият рамзи давлатдорӣ, мустақилияти комили миллат, озодии ҳамаҷониба, имконияти фарох ва муваффақияту комёбии миллат буда, барои мо миллати тамаддунсози тоҷик орзуи дерина ва дастоварди беназир мебошад. Фақат ва фақат миллати мустақил метавонад, унсурҳои давлатдории миллии хешро ҳифз намуда, дар шакли муосир муваффақона ҳамчун соҳибдавлат баромад намояд ва хушбахтона миллати тоҷик аз ин неъмати бузург бенасиб нагардидаву инак мо сию чаҳорумин солгарди ин ҷашни ҳумоюнию ифтихор ва фархундаву муқаддасро таҷлил менамоем. Ва ин бахти бузург аст.
Имрӯз аз санаи мубораку муҳим барои тамоми миллати тоҷик рӯзи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ 34 сол пур мешавад, ки ин 34 сол як таърихи комилан нав барои тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикистон дар ин давра басо рушд намуда, ба беҳтарин имкониятҳо дастрасӣ пайдо намуду шароити зисту зиндагонии мардум беҳтар гардид. Албатта, барои миллати тоҷик ба даст овардани Истиқлолият осон набудааст ва маҳз бо ҷоннисориву талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сутунҳои бинои истиқлол мустаҳкам гардонида шуданд, ки ин дастоварди бузург мебошад.
Қайд намудан зарур аст, ки дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бузург мебошад ва маҳз бо талошҳои ин абармарди арсаи сиёсат Тоҷикистон ба як давлати орому осоишта ободу пешрафта, табдил ёфт. Шукр, ки кунун ҳамватанони мо дар фазои озодиву субот кору фаъолият намуда, хушбахтона зиндагӣ менамоянд…
Бо баракаи истиқлолияти давлатӣ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоми кишварҳои сайёра ба расмият шинохтааст, ки ин бисёр ҳам ифтихори бузург мебошад. Пас аз истиқлолият ба даст овардан Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ба мисли СММ гардид, ки ин ҳам қадаме барои шинохти тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ҳоло мардуми шарифи Тоҷикистон аз баракати истиқлол меболанду дар фазои сулҳу салоҳ ва ободиву созандагӣ ба сар бурд, ки ин бахти бузург ва толеи неки миллати тоҷик мебошад. Гуфтан мумкин аст, ки офтоби бахти миллат хандидааст.
Тавре маълум аст, дар ҷаҳони муосир тибқи нишондодҳои оморӣ, зиёда аз 300 миллату қавмиятҳои гуногун ҳоло даъвои соҳибистиқлолӣ менамоянд ва дар ин самт мубориза мебаранд, ки то ҳол натиҷае надодааст. Ва ҳамаи ин халқиятҳо дар орзӯи истиқлолият мебошанд. Аз ин рӯ, истиқлолиятро ҳамчун неъмати бузург ва чун гавҳари чашм бояд нигоҳ дошт, ки маҳз бо баракати истиқлол мо тавонистем нақшаву ниятҳои умумимиллии худро амалӣ гардонем, ба ҷаҳониён ҳарфи худро бигӯем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни гиромидошти истиқлолият ва қарзи шаҳрвандии мо чунин гуфтаанд: «Истиқлолият ва зарурати таҳкими дастовардҳои он моро водор месозад, ки хотираи таърихии халқамонро эҳё намуда, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии худро аз нав барқарор созем ва барои рушду нумӯи забону адабиёт, илму фарҳанг ва мактабу маориф беш аз ҳар вақти дигар кӯшишу ғайрат намоем».
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар даврони истиқлолият зисту зиндагӣ ба худ қоидаҳои хосро дорад ва аз ҳар як шаҳрванд масъулияти баланди инсонӣ, хештаншиносӣ ва ватандӯстиву садоқат мехоҳад ва бояд насли ҷавонро дар ин рӯҳия тарбия намуду барои рушди Тоҷикистон саҳм гузошту истиқлолро ҳифз кард!
Ҷашни Истиқлол хуҷаста бод, миллати сарбаланди тоҷик!
Ашӯров Хайриддин
Саидов Асомиддин
омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон