
Ба ҳамагон маълум аст, ки имсол шаҳрвандони сарбаланди кишвари азизамон 34-умин солгарди истиқлолияти давлатиро таҷлил менамоянд ва ин як неъмати бебаҳо ва дастоварди беназир мебошад. Ин айём шодиву нишот ва хурсандии миллатро ҳадду канор нест. Зеро ҳамагон кунун лаззати истиқлолро чашиданд ва фаҳмиданд, ки дорои неъмати бебаҳову бузурге ҳастанд. Бале, Истиқлолият ин як неъмат ва дастоварди бузурги миллати тоҷик мебошад. Зеро миллати тоҷик барои расидан бар истиқлол талоши зиёде намудааст ва фарзонафарзандони хешро қурбонӣ ин орзу намудааст. Аз ин хотир, истиқлол барои миллати сарбаланди тоҷик ин неъмати бебаҳо ва дастоварди гаронарзиш мебошад. Ва ба ҳамин далел Рӯзи истиқлолияти давлатӣ барои миллати сарбаланди тоҷик рӯзи ифтихору сарбаландӣ, рӯзи шодиву сурур ва фархунда аст. Маҳз пас аз соҳиби истиқлол гардидан, миллати сарбаланди тоҷик тавонист, ки барои сохтани давлати миллӣ гоми устувор гузорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба ин масъала таваҷҷуҳ фармуда, чунин ибрози андеша намудаанд:“Халқи тоҷик, ки табиатан миллати созандаву бунёдкор, оромтабиату нексиришт, шикастанафсу меҳнатдӯст аст ва дар сиришти аҷдодии ӯ забткорию ҷангҷӯйӣ аслан набудааст, аз шарофати истиқлолият ба ниҳодани пойдевори давлатдории миллӣ ва бунёди иморати муҳташами ҷомеаи навин камар баст”.
Дар ҳақиқат маҳз пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ миллати сарбаланди тоҷик тавонист барои сохтани давлати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ талош намояд. Ва имрӯз Тоҷикистон хеле рушд намудаву дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мутараққӣ шинохта шудаасту дар ҳалли масоили глобалӣ овози мустақил дораду бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовоз мебошад. Иқтисодиёти кишвар дар ин давра рушд намуда, аз нишондиҳандаи сифрӣ ба баландтарин нишондиҳанда расид ва ҳоло миллат серу сатҳи зиндагии мардум хеле беҳтар гардидаасту давлат ғамхорӣ шаҳрвандон мебошад. Ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон бо ифтихор аз давлату меҳандорӣ бо шиносномаи Тоҷикистон метавонанд ба тамоми дунё сафар намоянду аз тоҷик будани хеш, аз соҳибдавлат будани хеш озодона ҳарф бизананд.
Қайд намудан зарур аст, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ мушкилоти ҷомеаи Тоҷикистон зиёд шуд ва ҳатто аланга гирифтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боис гардид, ки миллати тоҷик аз даврони соҳибистиқлолӣ лаззат бибарад. Ва ҳатто хатари нестшавии давлат вуҷуд дошт. Ва ҳамаи ин мушкилотро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳал намуданд, бар миллати тоҷик сулҳ оварданд ва давлатро наҷот доданд. Сарвари хирадманди кишвар тавонистанд, ки ҷомеаро бар саодат расонанд ва тоҷику Тоҷикстонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ созанд. Ва хидмати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлол ва рушди давлати миллӣ бениҳоят бузург мебошад. Зеро маҳз сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб гардид, ки миллати сарбаланди тоҷик ба саодат бирасад…
Таъкид намудан зарур аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дастгириву ғамхории давлату ҳукумат нисбати ҷавонон бештар гардида, дар ин давра ҷавонон бештар дастгирӣ ёфтанд ва мактабҳои зиёде барои рушду такомули ин қишри ояндасоз бунёд карда шуд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷисману руҳан солим ва пурқувват ба воя расидани насли ҷавон тамоми шароитро муҳайё намуда, бузургтарин муассисаҳои соҳавиро бунёд намуданд ва ҳамин аст, ки имрӯз ҳар як ҷавон дар симои Сарвари хирдаманди кишвар падари ғамхору ҳомии хешро мебинад.
Роҳбарияти кишвар нисбат ба ояндаи Ватан ғамхорона муносибат намуда, ҳамин аст, ки бештар кӯшиш мекунанд, то насли ҷавон босаводу бомаърифат ва шуҷоатманду ватандӯсту хештаншинос ба воя бирасанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни ин масъала андеша намуда, чунин таъкид карда буданд: “Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст. Фалсафаи ҳаёт ин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффарияти истиқлолият ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзӯр мегардад. Зеро ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро ҳама гуна қувваҳои ифротӣ метавонанд ба худ моил сохта, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки сиёсияшон истифода баранд. Инро нобасомониҳои аввали солҳои навадуми асри гузашта дар кишвари мо бо ҳамаи пайомадҳои нохуш собит сохтанд”.
Ва албатта, вазифаи аввалиндараҷаи мо ин тарбия намудани ҷавонони босаводу бомаърифат, меҳандӯст, хештаншинос ва садоқатманду зирак мебошад. Чунки, маҳз ҷавонони босаводу ҳушёр ва хештаншинос метавонанд ба қадри истиқлол ва арзишҳои миллӣ барасанду онро ҳамчун арзиши олии меҳандорӣ ҳифз намоянд. Феълан, Истиқлолияти давлатӣ чунин имконро барои насли ҷавон додааст, то хонанду илм омӯзанд ва дар рушди давлати миллӣ ва ободии Тоҷикистон саҳм бигузоранд. Зеро ояндаи истиқлол ва ояндаи меҳан аз маърифати баланду дараҷаи хештаншиносии ҷавонон сахт вобаста мебошад.
Аз ин рӯ, бояд фарзандонро дар руҳияи ватандӯстиву меҳнатдӯстӣ ва хештаншинос тарбия намуда, барояшон ҳифзи арзишҳои миллиро омӯхт, то тавонанд, ки аз тоҷикият дифоъ намоянд.
Насриддинов Шаҳбоз
сардори шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон