ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИР

Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки имсол ҳамватанони азизамон 34-умин солгарди истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу салоҳ ва тинҷиву оромӣ таҷлил менамоянд ва ин санаи бисёр муҳим ва муборак мебошад. Истиқлолият неъмати бузург ва арзиши воло буда, барои мо шаҳрвандони Тоҷикистон хеле муқаддас ба ҳисоб меравад. Пас аз касб намудани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба арсаи нав қадам ниҳод.

Воқеан ҳам, истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ватанамон – Тоҷикистон як рӯйдоди муҳими таърихӣ ва дастоварди нодир мебошад, ки кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил муаррифӣ менамояд.

       Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба ин неъмат суханронӣ намуда, чунин иброз доштаанд: “Истиқлол барои мо азизтарин неъмат ва бузургтарин дастоварде мебошад, ки тоҷикон баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба он муяссар гардиданд.” Мутаассифона дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ватани моро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта, он хатари парокандашавии давлат ва нестии миллатро ба вуҷуд овард.

        Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои иқтисодиёти кишварамон зарари калони моддию маънавӣ расонида, боиси нобасомониву саргардонии ҷомеа гардид. Ва ҳамин боис гардид, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ шаҳрвандони кишвар аз истиқлол лаззати дуруст набаранд.

Тавре маълум аст, дар ин давра Тоҷикистони муосир марҳилаҳои душвор, тақдирсоз ва бунёдиро паси сар намуда, дар таҳкими давлатдорӣ аркони бузургеро ба шакл даровард ва сиёсати бисёр хирадмандонаву устуворро ба роҳ монд. Дар ин роҳ сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб гардид, то Тоҷикистон аз бунбаст раҳо ёфта, ба рушду тараққиёт бирасад.

         Хизматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, бунёди роҳу нақбҳо, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ ҷойгоҳи махсус дошта, барои сохтани давлати навини тоҷикон басо бузург аст. Ин ҳам самараи истиқлолият ва пешрафти Тоҷикистони муосир мебошад!

Истиқлолият бар мо тоҷикон шароит фароҳам овард, то Ватанро аз нав бисозем ва ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқ аз худ садо баланд намоему арзишҳои милливу фарҳангии хешро ҳифз намоем. Ватанамонро обод кунем, дарси меҳандӯстиро озодона биомӯзем ва тадриси хештаншиносиро роҳандозӣ кунем. Истиқлолият барои мо дунёи нав ва роҳи неку дурахшонро боз кард. Илова намудан зарур аст, ки истиқлолият  бар мо намоди волои пойдории давлат, бақои  миллат, рамзи асолату ҳуввият, маҳзари идеалу ормонҳои таърихӣ ва шарафу эътибори ба ҷахони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон Тоҷикистони азиз мебошад.

Аз ин лиҳоз, мо шаҳрвандони комилҳуқуқи ин сарзамини муқаддас, бояд шукрона аз он кунем, ки ҳоло дар давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона умр ба сар мебарему фарзандонамон дар фазои софу беғубор ва сулҳу амонӣ ба воя мерасанд ва ин ҳам аз баракоти истиқлолият аст. Истиқлолият роҳи аслии наҷот аст!

Мо, бояд фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем, то онон тавонанд аз ин арзиши бузург дифоъ созанд.

Истиқлолияти давлатӣ ҳумоюн бод!

Холов Зафар

мудири кафедраи таҷҳизот

 ва технологияи мошинсозӣ

Муслимзода Хайём

сардори шуъбаи тарбияи

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон