ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ, ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА НУФУЗИ ТОҶИКОН

Мусаллам аст, ки миллати сарбаланди тоҷик дар давраҳои мухталифи сиёсӣ зисту зиндагӣ намуда, зиёда аз 13 маротиба империяи бузурги давлатдориро ба мерос гузоштааст ва ҳарчанд дар ин давраҳо мушкилот, муваффақият, пирӯзиву нокомиҳо дошт, лек умедро аз даст надода, пайваста мубориза мебурд ва ҳамеша дар фикри доштани давлати миллии худ буд. Ҳарчанд ин давраҳои таърихӣ миллати тоҷикро борҳо шикаст додаанд, шиканҷа додаанд, лек миллати сарбаланди тоҷик ҳаргиз рӯҳ шикаста нашуд ва барои озодиву ободияш талош намуд.

Фарзандони сарбаланди ин миллат дар дарозои таърих барои истиқлол ва андешаи хеле ҷоннисорӣ намуданд ва ҳатто сери хешро нисори истиқлолхоҳӣ ва таффакури миллӣ намуданд. Буданд, рӯзҳое, ки ин миллат ҳатто барои дар бораи андешидани истиқлол ва мустақилияту озодӣ шиканҷа дид, ҷабри таърихро кашид ва ниҳоят фурсати адолат расид ва 9-уми сентябр Тоҷикистон мустақил гардид. Рӯзи 9-уми сентябр барои миллати тоҷик Рӯзи истиқлолияти давлатӣ эълон шуд ва ин рӯз паёмест аз рӯзи фархундаву муборак барои миллати сарбаланди тоҷик. Истиқлолият ин пайки нек аз фардои дурахшон ва ояндаи ободи миллат мебошад ва ҳамин аст, ки Асосгузори сулуҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни истиқлолият чунин фармудаанд: “Истиқлолият – ин номуси шарафу номуси ватандорӣ аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият – ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва соҳибдавлатию соҳибватанӣ аст”.

Воқеан ҳам истиқлолият пеш аз ҳама бар миллат сари баланду ифтихор бахшид, шаҳрвандон аз ба даст овардани истиқлолият шоду масрур гардиданд, чунки истиқлолият ин имконияти рушд, тараққиёт ва пешравиву худсозӣ аст.

Воқеан даҳаи аввали истиқлоли давлатӣ барои миллати сарбаланди тоҷик мушкилиҳо дошт, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, тақсимшавии элита ба қисматҳо, дарки нодуруст аз истиқлоли давлатӣ аз мушкилоте буданд, ки таъсири манфӣ бар ин даҳа гузошт.  Хушбахтона, бо зуҳури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати Тоҷикистон вазъ комилан тағйир ёфт. Роҳбари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тавонистанд, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нукта гузоранду давлатро наҷот бидиҳанд ва миллатро саодат бахшанд. Ин саодат ва ин сулҳ миллатро барои ҳамеша бар хушбахтӣ расонид. Ва ин ваъдаи як абармади арсаи сиёсат мебошад. Зеро дар рӯзҳои нахустини қадам ниҳодан ба арсаи сиёсат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ чунин ваъда дода буданд: «Ман кори худро аз барқарор намудани сулҳ оғоз мекунам. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдҳастам. Мо бояд дар бобати ба эътидол овардани вазъият якдил бошем. Ман ҳам дар ин роҳ он чи аз дастам ояд, иҷро мекунам».

Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он ваъдае, ки дода буданд, он мақсаде, ки гузошта буданд, он ҳадафе, ки дар пеш гирифта буданд, он роҳе, ки интихоб намуда буданд барои саодати миллати тоҷик ва ободии Тоҷикистон иҷро карданд. Тоҷикистонро ба як биҳишт табдил доданд. Тоҷикистонро обод кардан ва беҳтарин шароитро барои миллат фароҳам оварданд. Давлати миллии тоҷиконро бунёд карданд, ки ин ҳам хидмати бузурги ин абармарди арсаи сиёсат мебошад.

Мо, бояд ғурури миллӣ дошта бошем, то он ҳама ҳикмати давлати миллиро дарк ва саодатмандона зиндагӣ намоем. Он чӣ имрӯз моро муттаҳид сохтааст, ин ваҳдат аст, ин ҳамдилӣ ва ормони воҳиди миллии мо аст, ки ин ҳама бо шарофат ва даъвату худгузарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Сарвари давлати мо тавонистанд, ки фарҳанги бузург, давлатдорӣ, анъана ва он ҳама одати миллии тоҷиконро эҳё созанд ва тоҷиконро бо оини гузаштагонашон шиносонанд. Хидматҳои ин абармарди арсаи сиёсат ва олами хирад барои зинда намудани давлатдории тоҷикон, ғурури миллӣ ва забони миллӣ бениҳоят бузург ва сутуданиянд.

Аз ин рӯ, насли ҷавонро зарур аст, ки барои пешрафт, бақои давлати миллӣ аз мактаби бузурги сулҳофаринии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар баҳра гиранд ва омӯзанд, ки ин самти роҳнамо ва роҳкушо барои миллат аст.

Фаъолияти хирадмандонаву роҳи устувор ва сиёсати башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти давлатиро таҳким бахшид. Ва маънии истиқлол имрӯз дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҷой гирифтаасту кунун андешаи истиқлол ва ҳифзи он андешаи миллӣ гардидааст. 

Шоир Рустами Ваҳҳоб роҷеъ ба ин масъала чунин фармудааст:

Тоҷи шараф андешаи Истиқлол аст,

Андешаи ҳақ решаи Истиқлол аст.

Соҳибватане, ки бо ҷаҳон сарбасар аст,

Шерест, ки аз бешаи Истиқлол аст.

Ҳақ бар ҷониби шоир аст, ки мефармояд, дар бораи истиқлол андешидан ин ҳақиқат аст ва ин ҳаққи озоди ҳар як шаҳрванд мебошад. Доштани давлати мустақил ин бахти баланд ва иқболи нек аст. Дар роҳи таҳкими истиқлол ва устувории пояҳои давлати милли тоҷикон нақши фарзонафарзанди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад ва хидмати ин абармарди арсаи сиёсатро ҷаҳониён низ тасдиқ ва эътироф кардаанд.

Ҳамин аст, ки яке аз роҳбарони собиқи Ҷумҳурии мардумии Чин Дзян Дземин аз фаъолияти Роҳбари давлати тоҷикон ва рушди давлати тоҷикон чунин гуфта буд: «Халқи Тоҷикистон бо сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмонов бо итминон вориди ҳазорсолаи сеюм мешавад. Саъйу кӯшишҳои Сарвари давлати тоҷикон ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои осиёӣ ба ҳама маълум аст. Мо ҳама ҷонибдори сулҳ, ризоият ва рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем».

Воқеан ҳам талошу кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро ба арсаи нав расонид ва Тоҷикистон дар як фурсати кӯтоҳ рушд карду миллат саодат ёфт. Ин ҳамаи самараи истиқлолияти давлатӣ мебошад. Истиқлолият тамоми роҳҳои баста шударо боз кард ва миллат нафаси тоза кашид. Истиқлолият имконият дод, тоҷик аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳон аз фарҳангу маданият ва таърихи бойи хеш бигӯяд ва аз манофеи миллат дифоъ созад. Тоҷикиятро ҳифз кунад.

Истиқлолият имкони беҳтарин гардид, то миллати сарбаланди тоҷик барои сохтани ояндаи дурахшони худ, шоми устувор бардорад ва ҳама монеаҳоро дар ин роҳ пок созад. Истиқлолият барои миллати сарбаланди тоҷик роҳ кушод, то мобақӣ миллатҳо тамос барқарор намояду аз тоҷикони ҷаҳон дифоъ созад.

Дуруст аст, ки дар оғоз мушкилиҳо пеш омад, лек ин ҳамаро фарзонафарзанди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, рафъ созад ва барои миллати тоҷик роҳи саодат бисозад. Бояд ҳазорҳо маротиба афзуд, ки хидмати ин абармард дар давлатсозиву миллатсозӣ бисёр бузург аст. Аслан устувории истиқлоли Тоҷикистон аз сиёсати дуруст ва хирадмандонаи ин абармард сахт вобастагӣ дорад. Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлол хеле ва хеле беназир мебошад.

Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд роҷеъ ба ин масъала чунин изҳори назар карда буд: «Истиқлолиятро ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов — сиёсатмадори миқёси ҷаҳонӣ дод. Имрӯз ӯ маъруфтарин фарзанди Тоҷикистон, тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст».

 Воқеан ҳам ин нукта хеле муҳим аст, ки маҳз бо шарофати сиёсати башардӯстона ва оқилонаи Сарвари хирадманди кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллат истиқлоли воқеиро дид ва тамоми тоҷикон ӯро Пешвои худ интихоб карданд. Корномаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва аҳли сайёра фақат наҷотбахшӣ, пайвандгарӣ, сулҳоварӣ, хирадгароӣ, башардӯстӣ мебошад, ки бо баракати ин сиёсати хирадмандона тоҷик ва Тоҷикистонро имрӯз кулли ҷаҳон мешиносаду эътироф менамояд. Ва ба қадри ин арзиши бузурги миллӣ бояд расид. Бояд Истиқлолро ҳифз карду аз лаззат бурд.

 

Қайд кардан лозим аст, ки  мо налси ҷавонро зарур аст, то барои пешрафт ва муваффақияти насли ояндаамон, ояндаи дурахшони давлати миллиямон ҳушриву зиракиро аз даст надода, арзишҳои миллиро ҳифз намоем, амри Ватанро иҷро кунем, баҳри пешрафти давлати миллиямон ҷоннисорӣ намоем ва саҳми арзандаи хешро дар рушди Тоҷикистон гузорем.

Давлатзода Давлат

муовини аввали ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон