Раёсат, ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон директори садо ва симои вилояти Суғд устоди арҷманд, рӯзноманигори варзида, пайрави асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахси ватандӯст ва меҳнатдӯст, рӯзноманигори ҳирфаӣ, инсони ҳалиму хоксор, фарди масъулиятшинос, мушовири шуъбаи иттилоот ҷавонмарди ростин муҳтарам Ҷовид Ниёзиро ба муносибати рӯзи зодрӯзашон табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият ва тансиҳативу саодатмандӣ таманно менамояд.
Устод Ҷовид Ниёзӣ аз зумраи он эҷодкороне ҳастанд, ки қалами хешро, умри хешро дар васфи дастовардҳои ватан, инъикоси ҳаёти босаодати шаҳрвандони ҷумҳурӣ, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии насли ҷавон, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва боло бурдани маърифати баланди инсонӣ сарф намудаанд.
Ҷовид Ниёзӣ номе ҳаст ба пиру ҷавони кишвар ошно ва мақбул, устод кашшофи истеъдодҳои ҷавону умедбахш ва ватандӯсту масъулиятшинос мебошанд. Саҳми устоди гиромӣ Ҷовид Ниёзӣ дар тарғиби сиёсати давлати миллӣ ва муаррифии дастовардҳои замони истиқлолият беназир аст. Дар фаъолияти пурсамари хеш Ҷовид Ниёзӣ дар ҷодаи журналистика беҳтарин шогирдонро тарбия намудааст, ки имрӯз барои муаррифӣ ва тарғиби дастовардҳои беназири даврони Истиқлолият саҳми шоиста мегузоранду дар хидмати давлату миллат қарор доранд.
Мо, ба устод Ҷовид Ниёзӣ дар ин рӯзи нек тансиҳативу хотирҷамъӣ, саодатмандиву сарбаландӣ ва дар пешбурди корҳояшон комгорӣ таманно менамоем!
Зодрӯз хуҷаста бод устоди арҷманд Ҷовид Ниёзӣ!
Шуъбаи иттилоот
