ЗОДРӮЗ ХУҶАСТА БОД, МУАЛЛИМАИ АРҶМАНД МУЗАЯНА АКРАМОВА!

Имрӯз яке аз бонуҳои фаъол ва пешқадам, модари мушфиқу ғамхор, зани поксирату покниҳод, нексиришту покманиш, ғамхору меҳрубон, отифаи донишманду ҳалим, муаллимаи азизу арҷманд, омӯзгори асил ва масъулиятшинос, номзади илмҳои физикаю математика, профессори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, аълочии маорифи ИҶШС Музайяна Акрамова зодрӯз доранд, ки муаллимаи арҷмандро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, барояшон сарбаландиву саодатмандӣ, тансиҳативу хотирҷамъӣ ва умри дарози пурбаракату амалишавии орзуҳоро таманно менамоем.
Имрӯз ба муносибати зодрӯзи ин бонуи ҷасур ва маорифпарвари асил муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ва мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ профессор Ҳоҷизода Саидмуқбил муаллима Музаяна Акрамоваро аёдат намуда, ба муносибати санаи мелод табрику таҳният гуфтанд.
Дар ҷараёни суҳбати пурмуҳтаво ва хотирмон Давлатзода Давлат аз фаъолияти пурсамар ва ибратбахши Музаяна Акрамова тавсиф намуда, нақши муалоимаро дар таълиму тарбияи насли ҷавону умедбахши замон назаррас арзёбӣ кард.
Таъкид карда шуд, ки мавсуф аз соли 1958 то соли 1992 дар вазифаҳои мухталиф дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, сипас дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолияташро идома додааст. Ӯ муаллифи 7 китоби дарсӣ ва зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ буда, дорандаи як қатор ифтихорномаву сипосномаҳои давлатӣ мебошад. Музайяна Акрамова дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар вазифаҳои мухталиф кору фаъолият намуда, дар ин муддат шогирдони зиёдеро тарбия намуда, дар роҳи илм ба камол расонидааст.
Муаллимаи арҷманд Музаяна Акрамова аз роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, раисони шаҳри Бӯстон ва ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон сипосгузорӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар айёми иду маросим ва ҷашнҳои миллӣ доим аёдат менамоянду ҳолпурсӣ кард.
Бояд ёдовар шуд, ки муаллимаи арҷманд, профессор Акрамова Музайяна аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолияти хешро густариш дода, дар сохту сози ин боргоҳи бузург, таъсиси ниҳоду сохторҳои он, ба низом даровардани фаъолияти корӣ, рушди давра ба давраи он саҳми арзандаи хешро гузоштаанд. Ҳамин аст, ки хӯрду калон, пиру барнои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз муаллима Акрамова М. М. сипосгузор ҳастанду барояшон эҳтиром мегузоранд.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада хидматҳои мондагор ва содиқонаи муаллимаи арҷманд ва гиромӣ Музаяна Акрамоваро доимо қадр намуда, барояшон дар ин рӯзи нек барору муваффақият, комёбиву сарбаландӣ, саодатмандиву пирӯзӣ ва тансиҳативу хушҳолӣ ва умри дарози бобаракат таманно менамояд.
Зодрӯз хуҷаста бод, муаллимаи гиромӣ Музаяна Акрамова!
Шуъбаи иттилоот
М.Саидов