
Дар ҷараёни нишаст ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ифтихор аз дастовардҳои назарраси донишкада дар шашмоҳаи аввали соли таҳсил ёдовар шуда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаро дар бахшҳои таълим, илм, инноватсия ва ҳамкориҳои байналмилалӣ тавзеҳ дод. Роҳбари донишкада таъкид намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, донишкада дар роҳи таъмини рушди устувори соҳаҳои куҳӣ, металлургия, геология, корҳои нафт ва газ, энергетика ва экология қадамҳои устувор мегузорад.
Ҳамзамон, Маҳмадалӣ Бахтиёр нақши ҳамкориҳои байналмилалиро махсус таъкид намуда, аз татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Корея ва дигар кишварҳо, таъсиси озмоишгоҳҳои муосир ва рушди барномаҳои ҳамкории илмӣ-амалӣ ёдовар гардид.
Зимни нишаст ректор ба ҳамаи саволҳои рӯзноманигорон бо сатҳи баланди касбӣ посух ҷавоб дода, ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти донишкадаро аз омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат то густариши заминаи моддӣ-техникӣ ва ворид намудани технологияҳои нав шарҳ дод.
Дар поёни нишаст намояндагони васоити ахбори омма миннатдории худро барои пешниҳоди маълумоти муфассал ва ҷавобҳои ҳамаҷониба баён намуданд.
Мирбобоев Ш.
Мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ