
Декани факултет: МИРБОБОЕВ ШУХРАТҶОН ҶУРАБОЕВИЧ
Соли таваллуд: 30.09.1988
Миллат: тоҷик
Маълумот:
соли 2011 — Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
соли 2016 — Донишгоҳи индустриалии Тюмен (Донишгоҳи давлатии нафту гази ш. Тюмен), Федератсияи Россия
Ихтисос: Муҳандиси кӯҳӣ, муҳандиси нафтӣ, «Коркард ва истифодаи конҳои нафту газ»
Унвони илмӣ: номзади илмҳои техникӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ, узбекӣ
Кор ва фаъолият, собиқа:
Солҳои 2011–2013
Ассистенти кафедраи «Экология ва корҳои нафту газ»
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Солҳои 2013–2016
Аспиранти шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи индустриалии Тюмен
(Донишгоҳи давлатии нафту гази ш. Тюмен),
Федератсияи Россия
Солҳои 2016–2021
Аз соли 2016 то 2021 ассистенти кафедраи
«Геология ва корҳои нафту газ»
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Солҳои 2021–2022
Омӯзгори калони кафедраи
«Геология ва корҳои нафту газ»
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Солҳои 2022–2025
Мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ
(Раиси Шӯрои олимони ҷавон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон)
Соли 2025 то ҳол
Декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
ФАКУЛТЕТ ЗАҲНИ СУНЪӢ ВА ТЕХНАЛОГИЯҲОИ НАВ
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бо иттифоқи оро қабул намуд. Дар натиҷа расман эътироф гардид, ки Тоҷикистон дар сафи пешсафони ташаббусҳои глобалӣ дар самти инноватсия, технология ва тағйироти рақамӣ қарор дорад.
Дар ин замина, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи мактуби №3-15/802 аз 19.09.2025-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, дар назди донишкада факултети «Зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав» бо фармоиши ректор №81-ҲК аз 20.09.2025 таъсис дода шуд.
Факултет чунин кафедраҳоро дар бар мегирад:
- Математикаи олӣ ва заҳни сунъӣ
- Экология
- Корҳои нафту газ
