ЗАБОНИ МИЛЛАТ- ҲАСТИИ МИЛЛАТ

“Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст,ки агар забони миллат аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллӣ, ифтихори ватанпарастӣ ва ҳувияти давлатдориашро аз даст дода, ба забону тамаддуни халқиятҳои бегона мегаравад ва оқибат завол меёбад”.
                                                                                                Эмомалӣ Раҳмон

          Забон воситаи муҳиммтарини алоқаи  байни  инсонист. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва инчунин зуҳури ҳарду ба меҳнат вобастагӣ дорад. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқ аст. Инсон фикри худро бо роҳҳои мухталиф (имову ишора, рафтор, ранг, садо) ифода карда метавонад, аммо воситаи умдаи ифодаи афкори инсон забон аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расиданд.  

Забони тоҷикӣ дар миёни забонҳои кӯҳна ва қадимии ҷаҳон яке аз забонҳои ширин ва ғанӣ ба шумор меравад. Далели ин сухан гузаштаи бой, миқдори фаровони луғот ва истилоҳот барои мавридҳои бешумори истифода аст, ки имкони баёни ҳар маъно ва мафҳумҳои моддӣ ва маънавиро ба қадри кофӣ фароҳам мекунад. Забони мо оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи миллати тоҷик бо ҳама саҳифаҳои дурахшон ва фаслҳои фоҷиабори он инъикос ёфтааст. Барои аҷдодони бо нангу номуси мо мафҳуми Ватан ва забон ҳамеша якмаъно будааст. Боиси ифтихор аст, ки қофиласолори шеъри форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ низ аз ин диёр бархост. Ба ҳамин тариқ аз ҳамон ибтидои таърих яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ забон буд.

Таърих гувоҳ аст, ки Сомониён барои сарбаландии миллат ва мамлакати худ дар роҳи истиқлоли фарҳангӣ, забонӣ ва илмӣ кӯшишҳо кардаанд. Барои ин осори гузаштагонро зинда кардаанд, китобҳои илмиро барои огоҳии ҳамватанони хеш аз забони арабӣ баргардондаанд. Барои шукуфоии забони модарии худ ҳеҷ гуна ёрӣ ва дастгириро дареғ надоштаанд.
Забони тоҷикӣ дар ҳама даврони таърихӣ дар сабки адабии хаттӣ ва дар мақоми забони расмӣ ташаккул ва таҳаввул намудааст. Баъд аз густариши дини мубини ислом дар манотиқи Хуросону Мовароуннаҳр забони тоҷикӣ бар пояи забони паҳлавӣ ва забонҳову лаҳҷаҳои дигари маҳаллии ин сарзамин шакл гирифта, дар аҳди Сомониён ба мақоми забони расмии давлатдории тоҷикон расидааст. Дар ин давра осори бузурги илмиву адабӣ, ки имрӯз шӯҳрати бузурги ҷаҳонӣ доранд, офарида шудааст. Яке аз чунин шоҳкориҳои бузург ва намунаи беҳтарини забони ноби тоҷикӣ “Шоҳнома” – и Абулқосими Фирдавсӣ ҳисоб меёбад. “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ таҷассумгари забони шево ва тавонои форси дарии тоҷикӣ ва сабки содда ва зебои он дар оғози ташаккули ин забон маънӣ мешавад. Аз замони Сомониён забони тоҷикӣ дар марказҳои сиёсӣ ва адабиву фарҳангии давлати тоҷикон дар Мовароуннаҳру Хуросон рушди комил пайдо карда, ба сарзаминҳои дигар нуфузу густариш ёфтааст.
Ибтидои рушди забони адабии тоҷикро ба асрҳои 9 ва 10 нисбат медиҳанд, ки дар он асрҳо шеъри оламшумори устод Рӯдакӣ эҷод гардидаанд. Беҳуда нест, ки забоншиносон ва олимони машҳури дунё забони модарии моро дар радифи се забони машҳури ҷаҳонӣ – англисӣ, фаронсавӣ ва итолиявӣ яке аз ширинтарину шевотарин забонҳои олам шуморидаанд. Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ маънои онро дорад, ки он дар тамоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии давлатдории деринаи тоҷикон нақши муҳим дорад.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам маҳсуб ёфта, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба як китоби дигари таърих сабт мекунад. Адибону донишмандони оламшумул ба тимсоли устодон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Шайх Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар бузургонамон асарҳои безавол ва ҷовидонаву орифонаи худро ба забони ноби тоҷикӣ эҷод карда, шӯҳрати ин забонро боз ҳам афзунтар кардаанд. Ифтихори забондорӣ, масъалаи омӯзиши забону адабиёт ва таъриху фарҳанги миллати тоҷик ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Таълифоти таърихиву адабӣ ва забоншиносии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба нашр расидан ва ба забонҳои русӣ, арабӣ ва англисӣ тарҷума гардидани асари «Забони миллат – ҳастии миллат» ба вуҷуд омадааст. Эҷоди ин асар на танҳо мавриди омӯзиш ва баррасии забоншиносон қарор дорад, балки диққати ховаршиносону таърихнигорон ва адабиётшиносони сатҳи ҷаҳониро низ фарогир мебошад. Асари Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» аз зумраи он асарҳоест, ки на танҳо сарчашмаи илҳомбахши дӯстдорони забони тоҷик ба ҳисоб меравад, балки дар он муҳимтарин масъалаҳои забониву таърихӣ аз дидгоҳи нави илмӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд. Ҳарчанд дар самти забоншиносии тоҷик барои омӯзиши таърихи забони тоҷикӣ донишмандони тоҷик корҳои судманде анҷом додаанд, аммо китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» аввалин китоби фарогирест, ки таърихи тайкардаи забони тоҷикиро аз қаъри таърих то қарни мо бо ҳама нокомиву бурдбориҳояш дарбар мегирад.

Боби аввали китоб – «Забони тоҷикӣ ва санҷиши замон» аз 6 фасл иборат буда, дар фасли якуми он дар бораи «Ҳуҷуми муғул ва оқибатҳои он дар сарнавишти тоҷикон» сухан меравад. Дар фасли дуюми боби якум зери унвони «Забону адаби тоҷикӣ дар ин давра» ҳодисаҳои таърихии асри XII инъикос гардида, гуфта шудааст, ки дар нимаи дуюми он қарн забони тоҷикӣ, дарӣ, форсӣ оҳиста-оҳиста ривоҷ ёфтааст.
Дар фаслҳои дигари боби якум сухан дар бораи вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар давраи таназзули ҳукмронии муғулҳо, рушди забон ва фарҳанг дар ҳамин давра, вазъи сиёсиву таърихӣ ва забону адаб дар давраи давлатдории Темуриён меравад.

Боби дуюм «Забони тоҷикӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон» ном гирифта, аз шаш фасл иборат аст. Дар ин боб масъалаи муносибатҳои дигар қавму миллатҳо бо тоҷикон, аз ҷумла ҳиндуҳо ва ҳифз намудани забони ноби тоҷикӣ дар он кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Боби сеюми китоби «Забони миллат- ҳастии миллат», дар бораи мақоми иҷтимоии забони тоҷикӣ дар асри XVI сухан меравад ва аз шаш фасл иборат аст.

Боби чоруми китоби «Забони миллат — ҳастии миллат» бо унвони «Забони тоҷикӣ дар асрҳои XVII -XVIII» навишта шудааст ва аз ҳашт фасл иборат аст.

Боби панҷуми китоби «Забони тоҷикӣ дар асри XIX» унвон гирифта, аз шаш фасл иборат аст.

Боби шашуми китоб «Вазъияти забони форсӣ ва дарӣ дар Эрону Афғонистон» ном дошта, аз чор фасл иборат аст.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки «Забони миллат — ҳастии миллат» вазъи забонро дар давраҳои гуногун мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор додааст. Албатта, пас аз нооромиву нобасомониҳо дар он давраҳои бисёр шадид кас бовар намекунад, ки аз ин забон, фарҳанг ва миллат осоре боқӣ мемонад, вале шахсиятҳои маъруфи ин миллати куҳанбунёд тавонистанд, ки дар ҳар як давраи таърихӣ забону давлати худро муҳофиз бошанд.Дар китоб, ҳамчунин, дастовардҳои асрҳои XIII -XX ва зина ба зина ба он ноил гардидан зикр гардидааст, ки ҳар як хонанда пас аз мутолиаи он аз таърихи гузашта огоҳ шуда, боз ҳам ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва ҳуввияти миллӣ дар қалбаш бедор мегардад.

Забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои он буда, санади қавитарини исботи зинда будани ҳар миллат, пойдор мондани забони модарии он аст. Забони тоҷикии мо дар роҳи пурпечутоби таърих ва даҳшату тохтутозҳои аҷнабиён зинда монда сарчашмаи бақои миллат гардид.

         Ҳамин тариқ, мо соҳибзабонон аз ин ифтихор намуда, барои поку беолоиш нигоҳ доштани он пайваста ҷаҳд хоҳем кард. Беҳуда нест, ки дар яке аз суханрониҳои хеш Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин маънӣ фармудаанд: «Мо ифтихор аз он дошта бошем, ки соҳиби чунин забони ширину гӯшнавози қадимӣ ва пурғановат, забони илм ва шеъру адаби оламгир ҳастем. Бояд ба қадри он расем, меҳрашро дар қалби фарзандонамон ҷо кунем ва ин анъанаро аз насл ба насл диҳем».

Ҳастии ҳар як халқу миллат ба гиромидошти забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ муваззаф аст, ки забони модарии худро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намоянд. Ҳифзи ин сарвати беназири миллат барои омӯхтану аз худ кардани дигар забонҳо мусоидат менамояд. Ба ифодаи шоири ширинкалом Аскар Ҳаким:

 

Аз миллату аз забони худ ёд кунед.

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли Шумо.

Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

Аминзода Мавлуда Самеъ дотсент, 

мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣиҷтимоии ДКМТ