ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА КӮҲЗОД РАҲИМӢ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “ИХТИРОЪКОР ВА НАВОВАРИ ВИЛОЯТИ СУҒД” ГАРДИД

Имрӯз, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ғолибони озмуни вилоятии “Ихтироъкор ва навовари вилояти Суғд” аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода қадрдонӣ карда шуданд.
Дар ин озмун донишҷӯи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кӯҳзод Раҳимӣ созовори ҷойи якум ва соҳиби Диплом гардид, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.Роҷеъ ба ин дастоварди донишҷӯи муваффақ ба шуъбаи иттилоот аз раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки Кӯҳзод Раҳимӣ аз донишҷӯёни фаъол ва пешқадам буда, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ва як қатор озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон ба донишҷӯи фаъол ва ғолиб Кӯҳзод Раҳимӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, барои идомаи корҳои илмӣ ва омӯзишӣ машваратҳо дод.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов