ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН БО СЕ ДОНИШГОҲИ ОСИЁ ВА АВРУПО ШАРТНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСОНИД

Имрӯз, як ҳайати баландпоя аз Донишгоҳи Адам Митскиевич (Познан), Донишгоҳи илмҳои зистшиносии Ҷумҳурии Полша  ва Донишгоҳи Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф оварда, ҷиҳати ҳамкорӣ ва густариши равобити илмӣ  мубоҳиса намуданд. Меҳмононро тибқи дастури ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ  муовини аввали ректор Давлатзода Давлат бо ҳамроҳии  муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, профессор Розиқов Зафар ва дигар омӯзгорони фаъол  истиқбол намуда, аз имконот, дастовард ва ва анъанаи миллии тоҷикон гуфта гузашт. 

Сипас, дар маҷлисгоҳи хурди Донишкада муовинон ва масъулон  бо ҳайати меҳмонон мулоқот намуданд. Меҳмонон аз Донишгоҳи Адам Митскиевич (ш.Познан) Донишгоҳи илмҳои зистшиносии Ҷумҳурии Полша  ва Донишгоҳи Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон муовини ректор- профессор Пётр Павлютс, профессор Изабела Новак, профессор Богуслава Леска, декани факултети биология профессор Беата Мессяш, профессор Радослав Панкевич, профессор Гжегош Хречихо ва профессор Войтсех Антковяк омода буданд, ки роҷеъ ба самтҳои ҳамкорӣ суханронӣ намуданд.

Пас аз гуфтушунид ва мубоҳисаҳо ҷонибҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳо ва ҳамзамон рушди илми башарӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Тибқи шартномаи ба имзо расида, акнун донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон метавонанд бидуни мамониат дар донишгоҳҳои мазкур таҳсили худро идома бидиҳанд ва соҳиби димломи донишгоҳи аврупоӣ ва ё Қазоқистон бигарданд.  Имзои ин созишномаҳо имрӯз барои донишҷӯёни ДКМТ имконияти наверо фароҳам овард.

Таъкид карда шуд, ки ҷонибҳо метавонанд зимни мубодилаи академикӣ аз имконоти ҳар ду муассиса барои пешрафти кор истифода баранд ва ҳамзамон мубодилаи таҷриба анҷом бидиҳанд.

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои пешқадами соҳавӣ дар кишвар буда, айни замон бо зиёда аз 64 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Шуъбаи иттилоот