ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН 12 ИХТИСОСИ НАВИ ҶАВОБГӮ БА ТАЛАБОТИ БОЗОРИ ҶАҲОНИИ МЕҲНАТ ТАЪСИС ДОД

📢📢📢Дар асоси пойгоҳи бузурги таълимиву таҳқиқотӣ ва имкониятҳои муосир Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар сатҳи байналмилалӣ, мутахассисони варзида ва забондон, кордону масъулиятшинос 12 ихтисоси нав таъсис дод.
❗❗❗Ихтисоси нав -роҳи нав ва интихоби нав!🤝
✅✅✅Довталабон метавонанд ихтисосҳои зеринро дар қатори дигар ихтисосҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон интихоб намоянд:
✅Мониторинги экологӣ, менеҷмент ва аудит
✅ Технологияи мошинсозии электронӣ,
✅Автомобилҳои барқӣ ва гибридӣ,
✅Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ,
✅Истеҳсолоти рехтагарии металҳои ранга ва сиёҳ,
✅Ташкили ҳаракат дар роҳ,
✅Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои барқӣ,
✅Автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ,
✅Метрология, стандарткунонӣ ва сертификатсия,
✅Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ,
✅Таъмини техникии равандҳои истеҳсолоти кишоварзӣ,
✅Химия.Биология.
📝Барномаи таълимии ихтисосҳои мазкур ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шуда, ҷавобгӯ ба талаботи муосири таълим ва тадрис мебошад.
❗Таъкид намудан ба маврид аст, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи олии таълимӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки хатмкардагонаш 100 фисад бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
✅✅✅Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 70 корхонаву ширкатҳои ватанӣ ва 13 корхонаву коргоҳҳои бузурги хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки хатмкардагони ин боргоҳ метавонанд, бемамоният дар дилхоҳ коргоҳ ба кор ҳозир шаванд.
✅Айни замон Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои омода намудани 15000 мутахассисони соҳаи металлургияву зеҳни сунъӣ, электромеханика ва геология, саноат ва заргарӣ фармоиш гирифтааст.
✅🤝Пули дунё дар дасти муҳандисон аст, бо интихоби ДКМТ ояндаи беҳтарини худро бисоз!👑💵💵💵
✅✅✅📢📢📢Рамзи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ММТ 201 мебошад!
Шуъбаи иттилоот