ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСЪАЛАҲОИ ОМӮЗИШИ ОБ ПЕШСАФ МЕБОШАД

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши масъалаҳои обу иқлим, таҳлили обҳои зеризаминӣ, маълум сохтани оби тозаи ошомиданӣ, манофеъ ва ҳолати дастрасии оби чашмаҳо, омӯзиши манбаъҳои барқароршавандаи об, таҳлили амиқи обҳои партовгоҳҳои саноатӣ олимону пажӯҳишгарон дар кафедраҳои фанҳои табиӣ-илмӣ, экология ва Юнеско дар назди ДКМТ машғул ба пажӯҳиш ҳастанд.
Дар партави сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиши масъалаҳои об дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон беҳтарин озмоишгоҳҳои таҳлил ва омӯзиши об бо фарогирии пешрафтатарин таҷҳизот таъсис дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки кафедраи ЮНЕСКО оид ба таҳқиқоти об, таҳсилоти экологӣ ва рушди устувор зери сарварии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва олимони ҷавон ба наздикӣ дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар масъалаи омӯзиши об дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Розиқов Зафар, профессор Юнусоф Музаффар, профессор Ҳоҷизода Саидмуқбил, дотсент Давлатзода Давлат, дотсент Ҳоҷибоев Далер ва дотсент Ашӯров Хайриддин дар сатҳи байналмилалӣ таҳқиқот гузаронидаанд ва ҳоло гурӯҳи олимони ҷавони Донишкадаро дар ин самт роҳнамоӣ менамоянд.
Олимони номбурдашуда, дар масъала таҳқиқот ва омӯзиши масъалаҳои обу иқлим эътирофи байналмилалӣ доранд.
Шуъбаи иттилоот