ДИФОИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ХУҶАСТА БОД УСТОД САФАРЗОДА МУЛЛООХУН!

Имрӯз омӯзгори фаъоли кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Сафарзода Мулоохун рисолаи номзадии худро дар Шурои диссертатсионии 66D.KOA-067 дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “ИРТИБОТИ ЗАБОНИ «НАФАҲОТ-УЛ-УНС»-И АБДУРРАҲМОНИ ҶОМӢ БО ГӮЙИШҲОИ МУОСИРИ ТОҶИКӢ (лаҳҷаи Мастчоҳ ва гӯйишҳои ҷанубӣ)” муваффақона дифоъ намуд.
Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ин дастоварди илмиро ба ҳамкори гиромӣ Сафарзода Мулоохун табрику таҳният гуфта, барояшон дар роҳи расидан ба дараҷаҳои баланди илмӣ барору муваффақият таманно менамояд.
Сафарзода Мулоохун аз ҷавонони фаъол ва пешгом буда, дар рушди забон ва адабиёт ва тарбияи насли ҷавон саҳми бориз гузоштааст.
Дифои рисолаи номзадӣ хуҷаста бод устоди арҷманд Сафарзода Мулоохун!
Шуъбаи иттилоот