Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дастури таълимӣ таҳти унвони “Муқаддимаи ихтисос” барои донишҷӯёни ихтисоси иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот ба нашр расид. Муаллифони дастури мазкур ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба тарбия Мирзозода Воҳидҷон, декани факултети металлургия Собирова Шукринисо, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Саидов Мустафохон ва омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Раҳматов Абдумавлон мебошанд.
Дастури мазкур аз 16 боб иборат буда, барои донишҷӯёни соҳаи иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот тавсия дода мешавад. Дар дастури мазкур масъалаҳои ташкили истеҳсолот, вазифаҳои иҷрошавандаи истеҳсолот, роҳҳои идоракунӣ, усули коргузорӣ, идоракунӣ дар коргоҳҳои соҳавӣ ва ташаккули шахсият мавриди баррасӣ қарор дода шудааст…
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз олимони барҷастаи соҳаи иқтисод буда, дар самти иқтисодиёт китобу дастурҳои таълимӣ ва асарҳои мондагори муфид ба нашр расонидааст. Мавсуф аз олимони сермаҳсул ва масъулиятшинос буда, новобаста аз корҳои роҳбарӣ барои нашри адабиёти илмӣ, таълифи асарҳои соҳавӣ талош мекунад ва саҳми арзандаи хешро дар рушди илм кишвар мегузорад.
Профессор Бахтёр Маҳмадалӣ аз зумраи олимони серталош, пажӯҳишгари муваффақ ва илмдӯст буда, барои тарбияи насли ҷавон, омода намудани мутахассисони варзида, саҳми арзишманд гузоштааст. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар давраи роҳбарии ӯ комилан ба тарзи дигар рушд намуда, ба як боргоҳи бузурги маърифату тадрис табдил ёфт.
Дастури мазкур барои олимону дӯстдорони соҳаи иқтисод, донишҷӯёну омӯзандагони соҳа тавсия дода мешавад.