ДАР ВАО АЗ ДКМТ ГУФТАНД

Бахшида ба Рӯзи геология дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи геологияи тоҷик дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди саноати миллӣ ва геологияи тоҷик» конференсияи чоруми анъанавии байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада иттилоъ доданд, дар конфренсия масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла роҳҳои рушди геология, ҳалли муаммоҳои мавҷудаи соҳа, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳа, истифодаи барномаҳои муосири самтӣ, самаранок гузаронидани корҳои иктишофӣ, омода намудани мутахассисони варзидаи геология ва дигар масъалаҳои соҳа баррасӣ карда шуданд.

Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургӣ Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз намуд, ки бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва ғамхорию талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аксар соҳаҳо рушду тараққӣ менамоянд. Соҳаи геология низ дар даврони истиқлолият ба таври назаррас рушд намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ҳамеша вазифаи пурмасъулияти геологҳоро таъкид намуда, иброз доштаанд, ки «омӯзиш ва мавриди истифода қарор додани бойигариҳои зеризаминӣ кори осон нест. Онҳо худ ба худ ба хазинаи давлат ворид намешаванд. Ҷустуҷӯ, истихроҷ ва коркарди онҳо заҳмат, хароҷот ва вақти зиёд талаб менамояд». Ин суханҳои Пешвои миллат барои мутахассисони соҳа роҳнамо ва илҳомбахш буда, моро водор месозанд, ки барои ғанӣ гардонидани бойигариҳои табиӣ, рушди саноати кӯҳӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат талоши бештар намоем.

Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Нақши зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир» ва «Истифодаи сурфактантҳо барои коҳиши талафоти карбогидридҳои сабук дар нафт» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.  Ҳамзамон татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт яке аз омилҳои рушд ва муваффақият арзёбӣ гардид.

Дар конференсия директори Донишкадаи геологияи Британияи Кабир, профессорони Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои оби Недерланд ба тариқи онлайн сухан гуфтанд.

https://khovar.tj/2025/12/bahshida-ba-r-zi-geologiya-dar-donishkadai-k-iyu-metallurgii-to-ikiston-konferensiyai-bajnalmilal-barguzor-shud/