
Имрӯз, бо дастур ва супориши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини аввали ректор дотсент Давлатзода Давлат бо ширкати ҳайати профессорию омӯзгорӣ, деканҳо ва мудирони кафедраҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуд.
Давлатзода Давлат нахуст роҷеъ ба баланд бардоштани сифати таълим, омода намудани синфхонаҳо ба соли нави хониш, таҷдиди барномаҳои таълимӣ бо дарназардошти талаботи рӯз, омода намудани лоиҳаҳои фаннӣ, тақсимоти дурусти сарбории таълимӣ, саривақт омода намудани рӯзномаи донишҷӯён, ҳамарӯза ба қайд гирифтани давоми омӯзгорону донишҷӯён ва беҳтар намудани фазои таълиму тадрис сухан ронда, мавсуф иброз дошт, ки дар шароити кунунӣ бояд мутахассисони омода намоем, ки дар бозори меҳнат харидорӣ худро дошта бошанд. Аз ин лиҳоз бояд кори филиали кафедраҳо дар коргоҳҳои саноатӣ ҷоннок карда шавад.
Ҳамчунин, Давлатзода Давлат иброз дошт, ки муроҷиати донишҷуён бояд беҷавоб намонанд ва ба ҳар як аризаву муроҷиат саривақт посух дода шавад. Робитаи омӯзгор бо донишҷӯ бояд хеле дуруст ба роҳ монда шавад, ва дар симои ҳар як омӯзгори донишкада, донишҷӯи мо бояд ҳомиву роҳнамоии худро бинад.
Мавсуф иброз дошт, то оғози дарсҳо бояд тамоми барномаҳои таълимӣ омода бошанд ва раёсати таълимро зарур аст, ки ҷараёни дарсҳо тариқи камераҳои савтӣ назорат карда шаванд.
Аз ҳама чизи муҳим ин самимият, эҳтиром ва садоқат ба пеша аст ва бояд, ки ин принсипҳо риоя шаванд. Дар интиҳои суханронӣ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат иброз дошт, ки мо бояд ҳар як сухани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, содиқона бояд барои ободии Тоҷикистон саҳм гузорем. Саҳмгузорӣ дар соҳаи маориф ин саҳмгузорӣ дар ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад!
Ҳамчунин, дар ҷаласа сардори раёсати таълим Осими Оқил ва деканҳову мудирон низ суханронӣ намуда, оид ба раванди таълим ва ҷори намудани навгониҳо андешаҳои худро иброз доштанд.