ДАВЛАТЗОДА ДАВЛАТ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ИЛМӢ-МЕТОДИИ ДОНИШКАДАРО БАРГУЗОР НАМУД

Имрӯз, тибқи дастури ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ олими ҷавон ва меҳандӯст, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ-методиро баргузор намуд. Дар ҷаласа тамоми аъзои Шуро ва фаъолон ширкат намуданд. Ҷаласаи Шуроро Давлатзода Давлат ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш чунин таъкид намуданд: “
Мардуми тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузоранд.
Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд.
Ин анъана то ба имрӯз идома ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ мазмун ва арзиши нав касб кардааст.
Дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад”.
Воқеан ҳам, имрӯз моро зарур аст, ки ба рушди илму дониш дар Донишкада бо роҳи тарбияи дурусти донишҷӯён, саводноку маърифатнок гардонидани онон, дар руҳияи масъулиятшиносиву меҳнатдӯстӣ ва меҳандӯстӣ тарбия намудани донишҷӯён талош намоем. Меҳру муҳаббати ононро ба илму дониш зиёд намоем, ононро ҳамчун мутахассиси варзида ба зиндагии мустақил гусел намоем…
Мавсуф иброз дошт, ки мо бояд ба қадри ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем ва дар пайравӣ аз суханони ҳикматомӯзӣ ин марди арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бо тариқи омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа дар рушди Ватани азизамон саҳми худро гузорем.
Баъдан дар ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ-методӣ масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, иҷрои сарбории таълимӣ, навиштани дастуру адабиёти дарсии соҳавӣ, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, сатҳу сифати суолҳои имтиҳонӣ, мазмуну мундариҷаи корҳои курсӣ ва рисолаҳои хатм, иҷрои қисми дуюми сарборӣ, баррасии фаъолияти факултетҳо, ҷалби омӯзгорони варзидаву собиқадор ба Донишкада, гузаронидани чорабиниҳои сатҳи воло барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, баргузории ҳамапурсиҳои ихтисосӣ, санҷиши раванди таҷрибаомӯзӣ, пайгирии хатмкунандагон, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ, ҷоннок намудани кори филиали кафедраҳо дар назди корхонаҳои саноатӣ ва пешниҳод намудани рисолаву адабиёти иншо намудаи омӯзгорон ба Ҳайати Мушовараи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.
Роҷеъ ба масоили зикргардида дар Шуро сардори раёсати таълим Осими Оқил, мутахассиси Маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва фосилавӣ Саидов Асомиддин, сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот Юсупов Хуршед, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин, декани факултети корҳои кӯҳӣ дотсент Маҳмудов Ҳасанбой, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав дотсент Мирбобоев Шӯҳрат ва декани факултети металлургия дотсент Собирова Шукринисо гузориш доданд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа аъзои фаъоли Шурои илмӣ-методӣ ибрози ақида намуда, андешаҳои хешро роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда баён намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа муовини аввали ректор Давлатзода Давлат суханронӣ намуда, ба аъзои Шурои мазкур ва як қатор омӯзгорону масъулони фаъол изҳори миннатдорӣ баён намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки мақсаду мароми мо ин хидмат намудан ба ҷомеа ва дуруст тарбия намудани насли ҷавон мебошад ва дар ин самт бояд содиқона ва самимона кор кунем.
Шуъбаи иттилоот