Имрӯз, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ дотсент Раҳимова Шаҳнозахон намояндаи Донишгоҳи техникӣ, захираҳо ва муҳити зисти Ланжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Би Вей мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҳамчунин, намояндаи Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон, мудири кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханика Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа ширкат намуданд.
Дар мулоқот, ҷонибҳо оид ба масъалаи густариши ҳамкориҳо дар соҳаи илмҳои техникӣ, эҷоди роҳҳои нави ихтироъкорӣ, табодули академикӣ, роҳнамоии олимони ҷавон дар соҳаи илм ва инноватсия, гузаронидани пажуҳишҳои муштараки илмӣ, ҳалли масоили обу иқлим, пешгирӣ аз хатарҳо, сохтани панелҳои офтобӣ ва ғайра ибрози назар намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо шарикони хориҷӣ, лоиҳаҳои илмиро баррасӣ ва дар амал татбиқ менамояд
Ва айни замон тибқи дастури роҳбарият ва ҳамзамон шартномаҳои байнидавлатӣ олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки истеҳсоли панелҳои офтобиро дар Парки технологии Донишкада ба роҳ монанд.
Шуъбаи иттилоот

