Имрӯз, дар маҷлисгоҳи хурди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мулоқоти ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо муовини аввали Донишкадаи касбии Заочжуан ва дигар ҳамтоёни чиноӣ баргузор гардид.
Дар мулоқоти имрӯза аз ҷониби Донишкада ректори муассиса профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, директори ҷониби тоҷикистонии Донишкадаи Конфутсий профессор Насриддинов Замониддин, директори Парки технологӣ профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил ва сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон ширкат намуданд.
Аз ҷониби Донишкада касбии Заочжуан муовини аввали ректор, котиби якуми донишкада, Директори ҷониби чиноии Донишкадаи Конфутсий хонум Сун Даман ва дигар омӯзгорону кормандони ин ниҳод ширкат намуданд.
Дар мулоқот оид ба барқарор намудани равобити доимӣ, ҳамкориҳои илмӣ, табодули академии кормандон, таъсиси марказҳои касбомӯзӣ, ривоҷи ҳунарҳои шарқӣ, ифтитоҳи курсҳои махсуси касбҳои муосири техникӣ, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи мошинсозӣ, оҳангудозӣ, мисгудозӣ, ҳамкорӣ атрофи масъалаҳои гуманитарӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба ин тавофуқ расиданд, ки дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон як муассисаи муосир бо номи Донишкадаи Чину Тоҷикистон бо номи “Бан Мо” ифтитоҳ намоянд ва роҷеъ ба ин масъалаҳо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Ёдовар мешавем, ки раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки ҳамкориро бо донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии федеративии Олмон ва Штатҳои муттаҳидаи Амрико густариш бидиҳад.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов


